Ман аз бобои худ ифтихор мекунам! Ҷавонони Тоҷикистону ИДМ аз қаҳрамонони ҷанг ёд мекунанд

Обуна шудан
Мактаббачагони кишварҳои ИДМ ташаббуси Sputnik-ро дастгирӣ намуда, аз хотироти наздикону хешовандони худ, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд, нақл карданд
Дар остонаи 9 май набераҳои ғолибон аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ "Эстафетаи ғалаба"-ро баргузор карданд - ҷавонписарон ва духтарон дар бораи қаҳрамонии гузаштагони худ нақл карданд.
Наврасони кишварҳои ИДМ дар бораи ҳамватанони худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҷангиданд, партизан буданд ва ё дар ақибгоҳ Ғалабаро собит кардаанд, нақл карданд.
Замира Баротова аз Тоҷикистон дар бораи Муҳаммад Осим, физик, файласуф ва президенти Академияи улуми ҷумҳурӣ нақл кард.
"Ба мо як ғалаба лозим аст...": Сарбозони ҳамаро бо 80-умин солгарди Ғалаба табрик гуфтанд
Аммо дар Тоҷикистон ҳам на ҳама медонанд, ки Осимӣ қаҳрамони ҷанг низ будааст.
Дар синни 20-солагиаш ба ҷанг даъват шуд ва ҳамчӯн Тӯпчӣ хизмат мекард. Ҷанговар Ленингради муҳосирашударо муҳофизат карда, офсар шуд ва ордени Ҷанги Ватаниро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0