https://sputnik.tj/20250504/vukh-vkd-i-rusiya-kishvarhoi-iiao-masoili-muhojirat-tamos-1067219542.html
ВУХ ва ВКД-и Русия бо кишварҳои ИИАО дар масоили муҳоҷират дар тамос ҳастанд
ВУХ ва ВКД-и Русия бо кишварҳои ИИАО дар масоили муҳоҷират дар тамос ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷа мегӯяд тағйироте, ки ба қонунгузорӣ ворид карда мешавад, ба шарикони иттиҳодия мунтазам дар шаклҳои гуногун фаҳмонда мешавад
2025-05-04T19:11+0500
2025-05-04T19:11+0500
2025-05-04T19:11+0500
русия
ииао
вкд
вазорати хориҷаи русия
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0b/1063180573_0:38:3476:1993_1920x0_80_0_0_7b001da17acaa8e3274ab41cd8476a7c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия бо шарикони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират дар тамос ҳастанд.Кор бо шарикон аз Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил низ идома дорад, қайд кард директори департаменти якуми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия Микаэл Агасандян."Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия бо шарикон дар ИДМ ва ИИАО равобити наздик доранд. Тағйирот ба қонунгузорӣ мунтазам дар шаклҳои гуногун шарҳ дода мешавад", - таъкид кард ӯ.Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин доир ба маводи методие, ки паҳн мешавад, маълумотро барои шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи тартиби амал дар ҳолатҳои душвор шарҳ медиҳад.Агасандян қайд кард, ки ҳангоми таҳияи ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ, мувофиқати он ба чаҳорчӯбаи ҳуқуқии ИДМ ва ИИАО бодиққат таҳлил карда мешавад.Қаблан вазорати хориҷаи Русия эълом карда буд, ки мамнуъияти воридоти хонаводаҳои муҳоҷир ба ин кишвар бо созиш дар бораи ИИАО мухолиф аст.Микаэл Агасандян таъкид кард, ки Созишномаи Иттиҳодия барои шаҳрвандони кишварҳои узви ин созмон низоми махсуси муҳоҷиратро дар Русия пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20250502/vukh-rusiya-gharb-amaliyothoi-ittilooti-iiao-1067208493.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/0b/1063180573_384:0:3092:2031_1920x0_80_0_0_1d4aa4d65cd8a5924727a5d62b1958b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, вух, вкд, муҳоҷират, қонунгузорӣ,
русия, ииао, вух, вкд, муҳоҷират, қонунгузорӣ,
ВУХ ва ВКД-и Русия бо кишварҳои ИИАО дар масоили муҳоҷират дар тамос ҳастанд
Вазорати умури хориҷа мегӯяд тағйироте, ки ба қонунгузорӣ ворид карда мешавад, ба шарикони иттиҳодия мунтазам дар шаклҳои гуногун фаҳмонда мешавад
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Вазорати умури хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия бо шарикони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират дар тамос ҳастанд.
Кор бо шарикон аз Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил низ идома дорад, қайд кард директори департаменти якуми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия Микаэл Агасандян.
"Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия бо шарикон дар ИДМ ва ИИАО равобити наздик доранд. Тағйирот ба қонунгузорӣ мунтазам дар шаклҳои гуногун шарҳ дода мешавад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин доир ба маводи методие, ки паҳн мешавад, маълумотро барои шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи тартиби амал дар ҳолатҳои душвор шарҳ медиҳад.
Агасандян қайд кард, ки ҳангоми таҳияи ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ, мувофиқати он ба чаҳорчӯбаи ҳуқуқии ИДМ ва ИИАО бодиққат таҳлил карда мешавад.
Қаблан вазорати хориҷаи Русия эълом карда буд, ки мамнуъияти воридоти хонаводаҳои муҳоҷир ба ин кишвар бо созиш дар бораи ИИАО мухолиф аст.
Микаэл Агасандян таъкид кард, ки Созишномаи Иттиҳодия барои шаҳрвандони кишварҳои узви ин созмон низоми махсуси муҳоҷиратро дар Русия пешбинӣ мекунад.