ВУХ Русия Ғарбро дар амалиётҳои иттилоотӣ бар зиддӣ созишҳо бо ИИАО муттаҳам кард

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2025
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Русия ахиран эълон кард, ки кишварҳои Ғарб миёни дигар давлатҳо таблиғот мебаранд, то бо ИИАО созишномаи ҳамкорӣ имзо накунанд
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Бо ташаббуси кишварҳои Ғарб дар Муғулистон бар зидди бастани созишномаи муваққатӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) амалиётҳои иттилоотӣ бурда мешавад.
Дар ин бора Микаэл Агасандян, директори департаменти якуми Вазорати умури хориҷии Русия дар кишварҳои ИДМ ба РИА “Новости” хабар дод.
"Мо маъракаи иттилоотие, ки дар моҳҳои охир дар Муғулистон фаъолона сурат гирифтааст, бидуни дастгирии доираҳои муайяни кишварҳои "Ғарби дастаҷамъӣ" бар зидди имзои созишномаи дар боло зикршударо ба қайд гирифтаем", - гуфт Агасандян.
Вай қайд кард, ки Русия аз ҷумла, хабарҳои гӯё “таҳлилӣ” дар бораи он, ки чӣ гуна як созишномаи муваққатӣ ба шумори ками маҳсулот “Муғулистонро вобаста аз Русия ва дар маҷмӯъ ИИАО месозад, сабт кардааст.
Здание Министерства иностранных дел РФ на Смоленской-Сенной площади в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2025
ВУХ-и Русия: Манъи вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба кишвар хилофи аҳдномаи ИИАО хоҳад буд
"Нақшаҳои фалокатбори оқибатҳои манфии иқтисоди Муғулистон таҳия мешаванд. Равшан аст, ки Ғарб кӯшиш хоҳад кард, ки Улан-Баторро то охир мутақоид кунад, то аз созиш даст кашад", - қайд кард дипломати рус.
Лентаи хабарҳо
0