Ҷадвали кору истироҳати тоҷикистониҳо дар май - тасвирбаён

Обуна шудан
Моҳи май чун анъана дар бисёре аз кишварҳои пасошӯравӣ айёми иду истироҳатҳост, ки бузургтаринаш ҷашни солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад
Дар Тоҷикистон дар соли 2025 чанд ҷашни давлатӣ таҷлил мешавад.
Тоҷикистониён бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ моҳи май 3 рӯзи паиҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Ҳамин тариқ тоҷикистониҳо пайиҳам 3 рӯз аз 9 то 12 май истироҳат хоҳанд дошт.
Бар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, 9 май - таҷлили солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ истироҳатӣ буда, дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор гардида, ёди онҳое пос дошта мешавад, ки барои ҳифзи Ватан аз Олмони нозӣ дар солҳои 1941 - 1945 ҷони худро аз даст доданд.
Рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт. Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонуни рӯзҳои ид ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ дахл дошт.
Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи рӯзҳои ид", 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, лекин бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.
Дар баробари иди Ғалаба, ки барои тоҷикистониён истироҳатӣ мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд.
Сокинони Русияро дар моҳи май истироҳатҳои тӯлонӣ интизор аст
Дар ин феҳраст, 1 май - Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май - Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май - Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май - Рӯзи шашмақом, 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май - Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0