Сокинони Русияро дар моҳи май истироҳатҳои тӯлонӣ интизор аст

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкОтдых горожан в майские праздники в Геленджике
Отдых горожан в майские праздники в Геленджике - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2025
Обуна шудан
Дар моҳи охири баҳор дар Русия ду ҷашни бузург таҷлил мешавад, аз ин рӯ сокинонро дар моҳи май рӯзҳои истироҳатии тӯлонӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар охири моҳи баҳор Русия ду ҷашни бузургро таҷлил мекунад: 1 Май ва Рӯзи Ғалаба.
Имсол сокинонро рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ интизор аст. Бо ин мақсад ҳукумати Русия бо судури як қарор рӯзҳои истироҳатро аз моҳи январ ва феврал ба май гузаронидааст.
Якуми Май дар Русия чун иди баҳор ва меҳнат - рӯзи ғайрикорӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо намоишу роҳпаймоии оммавӣ барои адолати меҳнаткашон, тантанаҳои оммавӣ ва консертҳо гузаронида мешавад.
Сипас сокинони ин кишвар ҳафтаи кории кӯтоҳ доранд, танҳо се рӯз — 5, 6 ва 7 май кор мекунанд.
Дар Рӯзи Ғалаба Русия 4 рӯз истироҳат хоҳад кард. Имсол мардуми Русия 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн мегиранд. Дар робита ба ин дар Русия таҷлили бошукӯҳ дар назар аст.
Рӯзҳои ид ва истироҳати моҳи май дар Русия
Рӯзҳои ид ва истироҳати моҳи май дар Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2025
Рӯзҳои ид ва истироҳати моҳи май дар Русия
Ҷадвали рӯзҳои корӣ ва таътил ба садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишвар фаъолият доранд, низ таъсир хоҳад гузошт.
Лентаи хабарҳо
0