https://sputnik.tj/20250430/hushdori-kumitai-din-ijozatnomai-rasmi-safar-haj-jarima-1067175923.html
Ҳушдори Кумитаи дин: Бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ сафар ба ҳаҷ ҷаримаҳои сангин дорад
Ҳушдори Кумитаи дин: Бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ сафар ба ҳаҷ ҷаримаҳои сангин дорад
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, ки барои адои ҳаҷ танҳо аз роҳҳои қонунӣ сафар кунанд
2025-04-30T13:03+0500
2025-04-30T13:03+0500
2025-04-30T13:03+0500
дар тоҷикистон
ҳаҷ
иҷозатнома
зоирон
кумитаи дин
арабистони саудӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067017068_0:83:3344:1964_1920x0_80_0_0_24bac6a0c35637b37ff85f2b3bdb04e9.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз талоши вуруд ба Макка ва дигар мавзеъҳои муқаддас бе иҷозатнома худдорӣ намоянд.Ин ниҳоди джавлатӣ бо такя ба иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, хабар додааст, ки мақомоти ин кишвар ҷазоҳои шадидро нисбат ба нафароне, ки ба таври ғайрирасмӣ ва бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи ҳаҷ) қасди адои маросими ҳаҷ мекунанд, муқаррар намудааст.Кумитаи дин қайд кардааст, ки аз 29-уми апрел то анҷоми мавсими ҳаҷ барои афроде, ки талош мекунанд ғайриқонунӣ ба шаҳри Маккаи мукаррама ва мавзеъҳои муқаддас (Мино, Арафот, Муздалифа) ворид шаванд, то 20 ҳазор риёл, муодили 5400 доллар, ҷарима таъйин шудааст.Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки шахсоне, ки тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кумак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, ҷарима то 100 ҳазор риёл, баробар ба 27000 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин ба гуфтаи кумитаи дин, афроде, ки ғайриқонунӣ дар Макка мемонанд, дар сурати боздошт ихроҷ гардида, то 10 сол аз ҳаққи даромадан ба қаламрави Саудӣ маҳрум мешаванд.Воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли ғайриқонунии шахсони мазкур истифода мегарданд, тибқи ҳукми суд мусодира карда мешаванд.Бар асоси ин хабар шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар ҷойҳои зисти расмӣ (меҳмонхонаҳо, квартираҳо, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра) ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардан онҳоро мекунанд, ё ҳар гуна кумаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардид, 100 ҳазор риёл, баробар ба 27 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд.Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз шаҳрвандон хъостааст, ки танҳо тариқи расмӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида барои адои маросими ҳаҷ иқдом намоянд.Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ шаҳрвандонро аз кӯшиши вуруд ба Макка ва мавзеъҳои муқаддас бидуни иҷозатнома қатъиян ҳушдор додааст ва таъкид кардааст, ки аз ин иқдом худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20250417/biduni-miyonarav-shirkathoi-khoriji-taghyirot-haj-1067022969.html
арабистони саудӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/11/1067017068_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_b03f29eb46165dca202f003ff7ef8784.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кумитаи дин, арабистони саудӣ, иҷозатнома, сафар, ҳаҷ, зоирон, ҳушдор
тоҷикистон, кумитаи дин, арабистони саудӣ, иҷозатнома, сафар, ҳаҷ, зоирон, ҳушдор
Ҳушдори Кумитаи дин: Бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ сафар ба ҳаҷ ҷаримаҳои сангин дорад
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, ки барои адои ҳаҷ танҳо аз роҳҳои қонунӣ сафар кунанд
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз талоши вуруд ба Макка ва дигар мавзеъҳои муқаддас бе иҷозатнома худдорӣ намоянд.
Ин ниҳоди джавлатӣ бо такя ба иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, хабар додааст, ки мақомоти ин кишвар ҷазоҳои шадидро нисбат ба нафароне, ки ба таври ғайрирасмӣ ва бе гирифтани иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи ҳаҷ) қасди адои маросими ҳаҷ мекунанд, муқаррар намудааст.
Кумитаи дин қайд кардааст, ки аз 29-уми апрел то анҷоми мавсими ҳаҷ барои афроде, ки талош мекунанд ғайриқонунӣ ба шаҳри Маккаи мукаррама ва мавзеъҳои муқаддас (Мино, Арафот, Муздалифа) ворид шаванд, то 20 ҳазор риёл, муодили 5400 доллар, ҷарима таъйин шудааст.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки шахсоне, ки тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кумак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, ҷарима то 100 ҳазор риёл, баробар ба 27000 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи кумитаи дин, афроде, ки ғайриқонунӣ дар Макка мемонанд, дар сурати боздошт ихроҷ гардида, то 10 сол аз ҳаққи даромадан ба қаламрави Саудӣ маҳрум мешаванд.
Воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли ғайриқонунии шахсони мазкур истифода мегарданд, тибқи ҳукми суд мусодира карда мешаванд.
Бар асоси ин хабар шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар ҷойҳои зисти расмӣ (меҳмонхонаҳо, квартираҳо, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра) ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардан онҳоро мекунанд, ё ҳар гуна кумаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардид, 100 ҳазор риёл, баробар ба 27 ҳазор доллар ҷарима хоҳанд шуд.
Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон аз шаҳрвандон хъостааст, ки танҳо тариқи расмӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида барои адои маросими ҳаҷ иқдом намоянд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ шаҳрвандонро аз кӯшиши вуруд ба Макка ва мавзеъҳои муқаддас бидуни иҷозатнома қатъиян ҳушдор додааст ва таъкид кардааст, ки аз ин иқдом худдорӣ намоянд.