https://sputnik.tj/20250429/raisi-dumai-davlatii-rusiya-sahmi-tojikon-ghalaba-1067166918.html
Раиси Думаи давлатии Русия аз саҳми бузурги тоҷикон дар Ғалаба ёдовар шуд
Раиси Думаи давлатии Русия аз саҳми бузурги тоҷикон дар Ғалаба ёдовар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бародарии халқҳо ва миллатҳо имкон дод, ки давлатро ҳифз намоем ва ояндаашро муҳофизат кунем, гуфт раиси Думаи давлатии Русия
2025-04-29T15:34+0500
2025-04-29T15:34+0500
2025-04-29T18:40+0500
дар тоҷикистон
русия
дар русия
думаи давлатӣ
вячеслав володин
саҳми бузург
ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
тоҷикон
80-солагии ғалаба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067171508_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_8166d460ac6942e310ee337c3e710cac.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Муттаҳидии халқҳои бародар ба мо имкон дод, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлати худро муҳофиза намоем.Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ ва раиси Ассамблеяи парлумонии Иттиҳодияи Беларус ва Русия Вячеслав Володин зимни суханронӣ форуми байналмилалии ИДМ "Мероси бузург – ояндаи муштарак" изҳор дошт.Вай саҳми Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро дар Ғалаба бар фашизм кайд намуд."Маҳз ҳамин бародарӣ, бародарии қирғизҳо, қазоқҳо, русҳо ва халқу миллатҳои дигар ба мо имкон дод, ки кишварро дифоъ кунем, ояндаи онро ҳифз кунем ва ба наслҳо имкон диҳанд, ки онро тарҳрезӣ кунанд ва фарзандонро ба воя расонем", - гуфт Володин.Ба гуфтаи ӯ, бояд "ҳамеша дар хотир дошт ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ин пирӯзӣ саҳм гузоштаанд эҳтиром гузошт".Рӯзи 28 апрел дар Волгоград Анҷумани байналмилалии Иттиҳодияи Русия ва Беларус таҳти унвони “Мероси бузург – ояндаи муштарак” оғоз шуд.Дар солҳои ҷанг аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷанг даъват шуда буданд, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарашон ба Ватан барнагаштаанд. Боз 45 хазор нафар сокинон ба корхонаҳо ва дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд.Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафарашон сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.Барои мардонагӣ ва шуҷоат дар мубориза ба муқобили фашизм 56 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва 15 нафар дорандаи се ордени "Шараф" гардиданд.Ҷумҳурии Точикистон ба яке аз марказҳои тахлия таюдил ёфт; Дар қаламрави Тоҷикистон 29 бемористони тахлияшуда ҷойгир шуда буд, ки дар он сарбозони артиши сурх аз ҷароҳатҳо ва захмҳо табобат мегирифтанд.Ҷумҳурӣ ба ҷанг 650 ҳазор тонна ғалла, 178 ҳазор тонна нахи пахта, 103 ҳазор автомашина фиристода, ба фонди сохтмони мудофиа ва яроқу аслиҳа зиёда аз як миллиард рубли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт кард.
https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-ishtirokchi-jangi-buzurgi-vatani-1067143617.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067171508_258:0:2989:2048_1920x0_80_0_0_3a026c4f8d4deefd06bb910575e6fe65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҷанги бузурги ватанӣ, ғалаба, володин, саҳм, раиси дума
тоҷикистон, русия, ҷанги бузурги ватанӣ, ғалаба, володин, саҳм, раиси дума
Раиси Думаи давлатии Русия аз саҳми бузурги тоҷикон дар Ғалаба ёдовар шуд
15:34 29.04.2025 (Навсозишуда: 18:40 29.04.2025) Бародарии халқҳо ва миллатҳо имкон дод, ки давлатро ҳифз намоем ва ояндаашро муҳофизат кунем, гуфт раиси Думаи давлатии Русия
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Муттаҳидии халқҳои бародар ба мо имкон дод, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлати худро муҳофиза намоем.
Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ ва раиси Ассамблеяи парлумонии Иттиҳодияи Беларус ва Русия Вячеслав Володин зимни суханронӣ форуми байналмилалии ИДМ "Мероси бузург – ояндаи муштарак" изҳор дошт.
Вай саҳми Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистонро дар Ғалаба бар фашизм кайд намуд.
"Маҳз ҳамин бародарӣ, бародарии қирғизҳо, қазоқҳо, русҳо ва халқу миллатҳои дигар ба мо имкон дод, ки кишварро дифоъ кунем, ояндаи онро ҳифз кунем ва ба наслҳо имкон диҳанд, ки онро тарҳрезӣ кунанд ва фарзандонро ба воя расонем", - гуфт Володин.
Ба гуфтаи ӯ, бояд "ҳамеша дар хотир дошт ва ба ҳамаи онҳое, ки дар ин пирӯзӣ саҳм гузоштаанд эҳтиром гузошт".
Рӯзи 28 апрел дар Волгоград Анҷумани байналмилалии Иттиҳодияи Русия ва Беларус таҳти унвони “Мероси бузург – ояндаи муштарак” оғоз шуд.
Дар солҳои ҷанг аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба ҷанг даъват шуда буданд, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарашон ба Ватан барнагаштаанд. Боз 45 хазор нафар сокинон ба корхонаҳо ва дигар минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода шуданд.
Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафарашон сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд.
Барои мардонагӣ ва шуҷоат дар мубориза ба муқобили фашизм 56 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва 15 нафар дорандаи се ордени "Шараф" гардиданд.
Ҷумҳурии Точикистон ба яке аз марказҳои тахлия таюдил ёфт; Дар қаламрави Тоҷикистон 29 бемористони тахлияшуда ҷойгир шуда буд, ки дар он сарбозони артиши сурх аз ҷароҳатҳо ва захмҳо табобат мегирифтанд.
Ҷумҳурӣ ба ҷанг 650 ҳазор тонна ғалла, 178 ҳазор тонна нахи пахта, 103 ҳазор автомашина фиристода, ба фонди сохтмони мудофиа ва яроқу аслиҳа зиёда аз як миллиард рубли даврони Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт кард.