https://sputnik.tj/20250429/ishtiroki-nizomiyon-tojikiston-guzashti-nizomi-9-may-maskav-1067167316.html
Иштироки 100 нафар низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомии 9 май дар Маскав
Иштироки 100 нафар низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомии 9 май дар Маскав
Sputnik Тоҷикистон
Як рота иборат аз 100 нафар низомиёни тоҷик дар Маскав барои ширкат дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати солгарди Ғалаба омодагӣ мегиранд
2025-04-29T16:49+0500
2025-04-29T16:49+0500
2025-04-29T16:49+0500
дар тоҷикистон
80-солагии ғалаба
гузашти низомӣ
маскав
тоҷикон
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102550/97/1025509701_0:277:4721:2933_1920x0_80_0_0_da03d1aeed24acaf409552a7e64d1d60.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 100 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои низомии кишварро нерӯҳои ҳавобурди ҳамлагари Тоҷикистон, ки ба ҳайати Нерӯҳои дастҷамъонаи зудамал ва Нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шомил мебошанд, намояндагӣ мекунанд.Дар моҳи март, дар пайи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, раҳбари Тоҷикистонро барои ширкат дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар рӯзи 9 май ба Маскав даъват кард.Ҳамзамон маълум шуд, ки як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашти низомии рӯзи 9 май дар Маскав ширкат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250429/raisi-dumai-davlatii-rusiya-sahmi-tojikon-ghalaba-1067166918.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102550/97/1025509701_425:0:4616:3143_1920x0_80_0_0_9e8338b6e3d6c448a5a174f2d145932f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гузашти низомӣ, режаи низомӣ, маскав, тоҷикон, иштирок
тоҷикистон, гузашти низомӣ, режаи низомӣ, маскав, тоҷикон, иштирок
Иштироки 100 нафар низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомии 9 май дар Маскав
Як рота иборат аз 100 нафар низомиёни тоҷик дар Маскав барои ширкат дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати солгарди Ғалаба омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 100 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
"Дар Маскав як рота, ҳудуди 100 нафар низомиёни тоҷик ҳастанд, ки барои ширкат дар гузашти низмоӣ дар Майдони Сурх омодагӣ мегиранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои низомии кишварро нерӯҳои ҳавобурди ҳамлагари Тоҷикистон, ки ба ҳайати Нерӯҳои дастҷамъонаи зудамал ва Нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шомил мебошанд, намояндагӣ мекунанд.
Дар моҳи март, дар пайи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, раҳбари Тоҷикистонро барои ширкат дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар рӯзи 9 май ба Маскав даъват кард.
Ҳамзамон маълум шуд, ки як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашти низомии рӯзи 9 май дар Маскав ширкат хоҳад кард.