Дифоъ аз дурӣ: Тахлияи корхонаҳо ба Тоҷикистон ба Артиши Сурх чӣ гуна кумак кард

© Sputnik / Иван ШагинВеликая Отечественная война 1941-1945 гг. Готовая продукция Челябинского оборонного завода.
Великая Отечественная война 1941-1945 гг. Готовая продукция Челябинского оборонного завода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2025
Обуна шудан
Мудофиа дар масофаи ҳазорҳо километр дур: тахлияи корхонаҳо ба Тоҷикистон ба Артиши Сурх чӣ гуна ёрӣ расонд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар солҳои аввали ҷанг ба ҶШС Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳо кӯчонда шуданд, ки ин ба таъмин намудани ғалаба ва тараққиёти баъдиҷангии ҷумҳурӣ кумак кард.
Тирамоҳи соли 1941 дивизияҳои механиконидашудаи Вермахт бо умеди то соли нав забт кардани пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳри Маскав бо суръати тез пеш мерафтанд. Онҳо ҳазорҳо хонаҳоро вайрон карда, ҳар нафареро, ки муқобилият нишон медод, мекуштанд, фабрикаҳо, заводҳо ва корхонаҳои саноатиро забт ва ё хароб мекарданд.
Фашистон аввалин корро ба хотири тарсондан, шикастани рӯҳи шаҳрвандони шӯравӣ, дуюм — барои бартарии стратегӣ, нобуд сохтани иқтидори иқтисодии ИҶШС ва аз қобилияти истеҳсоли яроқу аслиҳа, либоси ҳарбӣ, озуқаворӣ ва молҳои зарурӣ маҳрум кардани кишвар мекарданд.
Маҳз дар қаламрави ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ қисми зиёди фабрикаҳо, заводҳо, истгоҳҳои барқӣ ва дигар корхонаҳо воқеъ гардиданд, ки иқтидори иқтисодии онҳо ба Олмон имкон медод, ки кишвари шӯравиро дар кӯтоҳтарин муддат забт намояд ва аксарияти мардумро аслан ғулом гардонад.
Барои барбод додани ин нақшаҳо чораҳои фавқулодда андешидан лозим буд. Дар рӯзҳои аввали ҷанг дар бораи ба минтақаҳои шарқии Иттифоқи Шӯравӣ кӯчондани иқтидорҳои саноатӣ қарор қабул карда шуд.
Ва маҳз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар солҳои 1941—1942, ҳангоме, ки мошинаи ҳарбии немис ҳанӯз мағлубнашаванда ба назар мерасид, ба маркази эвакуатсия табдил ёфтанд. Бисёр корхонаҳо, ки аз ҷиҳати стратегӣ ва ҳарбӣ аҳамияти калон доштанд, аз минтақаи наздиҷангӣ ба ин ҷо кашонда мешуданд, то ки маҳсулоти ба фронт зарурро истеҳсол кунанд.
Sputnik Тоҷикистон дар бораи нақши ҶШС Тоҷикистон дар наҷоти сарбозон, шаҳрвандон ва саноати шӯравӣ ёдовар мешавад.

Ҷаҳиш аз Ғарб ба Шарқ

Қарор дар бораи ба ҷумҳурӣ тахлия додани баъзе корхонаҳо дар ҳафтаҳои аввали баъди ҳуҷуми Вермахт қабул шуд, вақте ки ба Ситоди генералии ИҶШС маълум шуд, ки суръати баланди пешравии душман таъмин намудани мудофиаи муҳимтарин марказҳои саноатиро имконнопазир мегардонад.
Оператор и штурман 586-го истребительного авиационного полка в штабе наведения во время Великой Отечественной войны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Аз халабон то афсари иттилоотӣ ва ҳамшираи шафқат: Саҳми занони тоҷик дар Ғалаба
Ҳанӯз моҳи июл бо фармони Шӯрои Комиссарони Халқии ИҶШС қарор дода шуд, ки таҷҳизоти як қатор корхонаҳои калони хурокворӣ, ки дар қаламрави Украина ва Белоруссияи ҳозира, инчунин навоҳии ҷанубӣ ва ғарбии Русия воқеъ гардидаанд, ба Тоҷикистон фиристода шавад.
Ба ин руйхат заводҳои равғани Одесса, Вязма ва Полтава, заводи "Красний Перекоп", заводи истеҳсоли оби ҷави Новочеркасск, шароби Одесса, таҷҳизоти се фабрикаи дӯзандагии вилояти Ростов дохил гардиданд.
Вақте ки фашистон ба Маскав наздик шуданд, корхонаҳо низ аз ин минтақа эвакуатсия карда шуданд ва аксари онҳо дар ҳудуди Сталинобод, ҳозира Душанбе ҷойгир шуданд. Аз ҷумла корхонаи пойафзолдузии "Буревестник", фабрикаи маводҳои пахтагини Балашиха ва заводи "Трехгорная мануфактура", ки кӯҳнатарин корхонаи бофандагии Маскав буд ва аз охири асри XVIII фаъолият дошт, кӯчонда шуданд.
Албатта, ҷойгиркунии корхонаҳо танҳо бо Сталинобод маҳдуд намешуд , бисёр қатораҳо бо таҷҳизот ба вилояти Хуҷанд ( пештара Ленинобод), ки он вақт ва ҳоло ҳам маркази асосии хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, равона гардиданд.
Ҳамин тавр, таҷҳизоти яке аз заводҳои назди Маскав "Главредмет" (Сарраёсати филизоти нодири саноатӣ) ба Суғд кӯчонда шуд. Ва дере нагузашта маҳз дар вилояти Ленинобод истихроҷи саноатӣ ва тозакунии уран оғоз ёфт, ки аз он яроқи ҳастаии шӯравӣ ба вуҷуд оварда шуд.
"Тамоми саноати ҷумҳурӣ барои фронт кор мекард: заводи механикии Орҷоникидзеобод норинҷакҳои Ф-1, корхонаи шоҳибофии абрешим парашют истеҳсол мекард, ки барои истеҳсоли он пахтаи хокистарранги навъи "мисрӣ"-ро, ки танҳо дар Тоҷикистон мерӯид, истифода мебурд. Флюорити дар конҳои Ромит ва Такоб истихроҷшуда дар сохтани таҷҳизоти оптикии ҳарбӣ истифода мешуд. Ҳамчунин аз ҶШС Тоҷикистон молибден ва волфрам интиқол дода мешуд, — шарҳ медиҳад номзади фанҳои таърих, кишваршинос Ғафур Шерматов.

Акси садои ҷанг дар Тоҷикистон

Аммо аз нав сохтани саноат дар шароити ҷанг ва саросемавор ҷои дигар интиқол додани садҳо ҳазор нафар одамон осон набуд, ба роҳбарияти ҷумҳурӣ, инчунин ба фаъолони ҳизбию ҳоҷагӣ лозим омад, ки масъалаҳои доимо ба миён меомадаро ҳал кунанд: баргардондани таҷҳизоте, ки дар роҳ монда буд, дар заводҳои алоҳида қисмҳои дар роҳ гумшударо ҷустуҷӯ кунанд, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти танзимнашударо шитобкорона ба кор андозанд.
Чунон ки иштироккунандагони эвакуатсия ба хотир меоранд, баъзан заводҳо дар ҳавои кушод бунёд карда мешуданд. Ва баъди ба кор андохтани истеҳсолот аслан дар гирду атрофи одамоне, ки дар дастгоҳҳо кор мекунанд, девору бом сохта мешуд.
Тахлияи коргарон, оилаҳои онҳо ва ҳамаи одамони аз ҳуҷуми артиши фашистӣ наҷотёфта низ душвор буд. Дар давоми як сол, яъне аз сентябри соли 1941 то сентябри соли 1942 ба ҶШС Тоҷикистон қатораҳо ҳамарӯза омада, зиёда аз 140 ҳазор нафар одамонро аз Украина, Белоруссия, Назди Балтика ва бисёр шаҳрҳои калони Федератсияи Русия, аз ҷумла аз Маскав ва Ленинград ба таври таъҷилӣ ба минтақаҳои бехавф меоварданд.
Ба собиқадори меҳнати 93-сола медали 80-солагии Ғалаба доданд - видео  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2025
Ба собиқадори меҳнати 93-сола медали "80-солагии Ғалаба" доданд - видео
Ҳама чиз дар шароити душвор анҷом дода мешуд, - бо таваққуфҳои тӯлонӣ, аксар вақт зери бомбборони ҳавопаймоҳои немис. Дар натиҷаи одамони ба Тоҷикистон - дурдастарин ҷумҳурии Осиёи Миёна овардашуда гурусна, бемадор ва аксар вақт аз азобу машаққатҳои аз cap гузарондаашон ба касалӣ гирифторшуда меомаданд.
Дар Душанбе дар як муддати кӯтоҳ ҳатто хавфи cap задани домана, исҳоли хунин, зуком, гепатитҳои вирусӣ, вараҷа ва дигар сироятҳо, ки дар ҷойҳое, ки шумораи зиёди одамон ҷамъ омада, аз шароити оддии тиббию санитарӣ маҳрум буданд, ногузир буд.
Дар маҷмуъ даҳҳо ҳазор нафар аз сарзаминҳои забтшудаи душман ба Тоҷикистон низ омаданд ва барои қабули захмиён 29 беморхонаи эвакуатсионии дорои беш аз 10 ҳазор кат кушода шуданд. Дар давоми ҷанг ҳудуди 100 ҳазор нафар дар хоки Тоҷикистон паноҳ ёфтанд, ки аз ин шумора қариб 10 ҳазор нафарашон ноболиғон буданд. Фарзандони эвакуатсияшудаи ҷанговарони фронт ба истироҳатгоҳҳо фиристода шуданд.
Роҳи вазнини саноати сабук
Аммо коргарони эвакуатсияшудаи корхонаҳо барои истироҳат вақт надоштанд ва аксарият вақт аз қатора фуромада, корро фавран оғоз мекарданд. Ва сарфи назар аз нарасидан ва ҳатто набудани кранҳо, дигар намуди нақлиёту таҷҳизот, корхонаҳо дар мӯҳлати рекордӣ ба кор cap карда, фиристодани бефосилаи лавозимотро ба фронт шурӯъ намуданд.
Мақомоти роҳбарикунандаи Тоҷикистон дар бораи ҷо ба ҷо гузоштан ва ба истифода додани корхонаҳои саноатии омадаистода чораҷӯӣ мекарданд. Ҳамин тавр, таҷҳизоти заводҳои консерви ба номи 1 Май, "Красний Перекоп" дар корхонаҳои Ленинобод, Исфара ва Конибодом чойгир карда шуда, баъд аз ин заводҳо ба артиш фаъолона фиристодани озуқавориро таъҷилӣ оғоз карданд.
Корхонаҳои маҳаллӣ бо техникаи навтарин ҷиҳозонида шуда, истеҳсоли маҳсулотро нисбати солҳои пеш аз ҷанг хеле зиёд карда тавонистанд. Ҳамин тавр, дар соли 1942 дар комбинати консерви Конибодом сехи нав сохта шуда, бо таҷҳизоти заводи Феодосия "Красний Перекоп", ки иқтидори коркарди зиёда аз 5 миллион дона консерви сабзавот ва шираи помидор дошт, ҷиҳозонида шуд.
Герои Победы на карте Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2024
Қаҳрамонони Ғалаба дар харитаи Душанбе
Ба саноати сабук, яъне ба истеҳсоли лавозимоти ҳарбӣ, либос ва матоъҳои махсусе, ки барои мақсадҳои ҳарбӣ заруранд, бештар диққат дода мешуд. Масалан, таҷҳизоти эвакуатсияшудаи комбинати шоҳибофии Маскав ба номи Шербаков ба комбинати абрешими Ленинобод ва комбинати шоҳибофии “Красний ткач” оварда шуд.
Ба комбинати бофандагии нав сохташудаи Душанбе қариб 900 вагон таҷҳизоти фабрикаи Любертси оварда шуд. Дере нагузашта ба он ҷо боз зиёда аз 50 вагон таҷҳизоти заводҳои Павло-Покровская ва фабрикаи Трехгорная фиристода шуд.
Насби таҷҳизоти эвакуатсияшуда душвор бошад ҳам, коргарон ва муҳандисони техникӣ бо роҳбарии ташкилотҳои ҳизбӣ ҳамаи душвориҳоро бомуваффақият бартараф карда, дар муддати кӯтоҳ ба истеҳсоли маҳсулоти ба фронт зарурӣ шурӯъ намуданд.
Умуман корхонаҳои саноати сабуки ҶШС Тоҷикистон барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти артиш 178 ҳазор тонна нахи пахта, 770 тонна калобаи абрешим, бештар аз 6,5 миллион метр матои шоҳӣ ва даҳҳо ҳазор ҷуфт пойафзол истеҳсол карданд.
Албатта, кумаки Тоҷикистон ба фронт на танҳо бо саноати сабук ва хӯрокворӣ маҳдуд мешуд. Чунончӣ, заводи механикии ба номи Орҷоникидзе моҳи июли соли 1941 супориш гирифт, ки 180 мошини ГАЗ-АА — "якуним тонна"-и машҳурро ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва сузишворикашон табдил диҳад.
Ва моҳи июни соли 1943 Комиссариати халқии саноати авиатсионии ИҶШС қарор қабул кард, ки дар деҳаи Навободи водии Ҳисор дар заминаи фурудгоҳи мавҷудаи ҳарбӣ заводи таъмири ҳавопаймоҳо ташкил карда шавад. Бо ин мақсад ба Ҳисор сехҳои таъмирии 217-уми авиатсионӣ омада, дар мавзеи нав фавран сохтмони биноҳои истеҳсолӣ ва устохонаҳо cap шуд.
Суръати кор дар корхонаҳои нав ҳақиқатан зарбдорона буд, ҳанӯз охири моҳи сентябр истеҳсоли маҳсулоти зарурии ҳарбӣ ва таъмири ҳавопаймоҳҳо cap шуд ва моҳи декабри соли 1943 назар ба моҳи октябр якчанд баробар афзуд. Моҳи январи соли 1944 шумораи коргарони корхона ба чандсад нафар расид, ки бештар аз нисфи онҳо коргарон аз Сталинобод ва Ҳисор буда, махсус ба завод фиристода шуданд.

Инқилоби саноатӣ бо шарофати ҷанг

Миқёси ёрии ҶШС Тоҷикистонро дар солҳои ҷанг рақамҳо беҳтар нишон медиҳанд. Тоҷикистони Шӯравӣ аз соли 1941 то соли 1945 ба кишвар 650 тонна ғалла, 36 ҳазор тонна гӯшт, 19 ҳазор cap асп, даҳҳо миллион қуттӣ консерва ва бисёр дигар маҳсулот дода буд. Барои артиш бештар аз 3 ҳазор автомашинаи боркаш ва 100 ҳазор трактор истеҳсол карда шуд. Дар бобати яроқ бошад, корхонаҳои ҷумҳурӣ ба фронт миллионҳо дона тир ва даҳҳо хазор норинҷакҳои Ф-1 фиристоданд.
Парад Победы 9 мая в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Расулзода: Тоҷикистон ба таҷлили 80-солагии Ғалаба аҳамияти хос медиҳад
Соли 1942 дар тамоми ИҶШС ҳаракати умумихалқӣ барои ҷамъ кардани маблағ барои Артиши Сурх оғоз шуд. Аз Тоҷикистон ба фронт зиёда аз 150 вагон бо тӯҳфаҳо фиристода шуд: 50 қатора танҳо ба Ленингради муҳосирашуда. Ҳамаи онҳоро одамони оддӣ ташкил карда, либоси гарм ва асбобу анҷоми рӯзгор ҷамъ меоварданд.
Дар маҷмуъ Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба Фонди дифоъ ва аслиҳа, аз ҷумла қарзу лотереяҳо беш аз 1 миллиард рубли шӯравӣ ворид кардааст. Бо назардошти он, ки дар солҳои 40-ум дар ИҶШС 1 грамм тилло 4,45 сум буд, РСС Тоҷикистон ба ҷанг қариб 225 тонна тилло фиристод.
Чунон ки ходими Донишкадаи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон А.З.Акрамов менависад, қаҳрамонӣ ва ғайрати одамон дар ақибгоҳ ҳақиқатан бузург буд. Садҳо ҳазор нафар коргарон, муҳандисону техникҳо баъзан моҳҳо аз корхонаҳои худ берун намебаромаданд, бенуқсон, бе рӯзҳои истироҳат кор мекарданд, дар сари дастгоҳҳои худ мехобиданд ва хӯрок мехӯрданд. Натиҷааш ҳамин буд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 1942 ноҳияҳои шарқӣ ҳамон қадар маҳсулоти ҳарбӣ истеҳсол мекарданд, ки тамоми Иттифоқи Шӯравӣ дар аввали ҷанг истеҳсол мекард.
Ватан ба хизматҳои шоистаи меҳнаткашони ақибгоҳи шӯравӣ баҳои баланд дод. Дар ҶШС Тоҷикистон зиёда аз 102 ҳазор нафар одамон бо медалҳои "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945" мукофотонида шуданд. Қариб ҳазор нафар қаҳрамонони Ватан бо мукофотҳои олии ҳукуматӣ мукофотонида шуданд.
Аммо худи эвакуатсия ба тараққиёти иқтисодиёт ва саноати ҶШС Тоҷикистон ва ҳатто Тоҷикистони ҳозира таъсири калон расонд. Дар натиҷаи дар ҷумҳурӣ ҷо ба ҷо гузоштан, насб кардан ва ба кор андохтани корхонаҳои кӯчондашуда, пойгоҳи тараққиёти минбаъдаи саноати сабук мустаҳкам гардида, шумораи коргарони ихтисоснок аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ афзуд, зеро баъди ба охир расидани ҷанг ин заводу фабрикаҳо дар ҷумҳурӣ монданд.
"Ноҳияҳои шарқӣ, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухтор айнан инқилоби саноатиро аз cap гузаронданд. Аз аввали ҷанг ба онҳо таҷҳизоти тахлияшудаи заводҳо пайваста ворид мешуд, ҳазорҳо коргарони нав бо оилаҳои худ меомаданд. Бо камоли боварӣ гуфтан мумкин аст, ки коркунони ҳизбӣ, шӯравӣ ва техникии мо ба тамоми ҷаҳон маҳорати баланди ташкилотчигӣ нишон доданд ва ин гуна мактабро таърих аз cap нагузарондааст,”- чунин баҳо дод ба натиҷаҳои тахлияи саноатӣ Раиси Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Михаил Калинин.
Чӣ гуна дар Суғд хабари наздик шудани ғалабаро шуниданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2025
Чӣ гуна дар Суғд хабари наздик шудани ғалабаро шуниданд -видео
Далерии хидматҳои ақибгоҳ ва миқёси бузурги вазифаҳои саноатӣ дар замони ҷанг ҳатто аз ҷониби нозирони хориҷӣ баҳои баланд гирифтанд, ки одатан аз имконияти шахсан дидани натиҷаҳои тахлия маҳрум буданд.
Рӯзноманигори бритониёӣ Александр Верт дар маводҳои худ барои ББС натоиҷи кори барқарорсозии саноат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро ҳамин тавр арзёбӣ кардааст: ин эвакуатсияи саноат дар нимаи дуюми соли 1941 - ибтидои соли 1942 ва “тақсим кардани” он дар шарқ бояд аз корнамоиҳои аҷибтарини ташкилӣ ва инсонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ҷанг дониста шавад.
Лентаи хабарҳо
0