Ба собиқадори меҳнати 93-сола медали "80-солагии Ғалаба" доданд - видео

Обуна шудан
Сафири Русия дар Тоҷикистон ба собиқадор медал бахшида ба ҷашнии "80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"-ро супурд
Сафир Семён Григорев медали "80-солагии Ғалаба"-ро ба собиқадори меҳнат Екатерина Леонидова, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, тақдим кард.
Дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Екатерина Леонидова ҳамагӣ 10-сола буд ва аз рӯзҳои аввал ҳамроҳи дигар фарзандони деҳот барои ҷабҳа кор мекард.
Ҳамагӣ пас аз ду сол ӯ тарошкориро аз худ кард ва дар як корхонаи низомӣ кор кард. Ҳоло Екатерина Леонидова 93-сола аст, солҳост, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Сафири Русия дар Душанбе собиқадори меҳнатро бо 80-умин солгарди Ғалаба табрик гуфт
Баъд аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар корхонаи ётоқонбарории (подшибник) Куйбашев корашро давом дода, соли 1957 ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба Душанбе кучид.
Дар ин ҷо солҳои зиёд дар фабрикаи "Гулдаста" ҳамчун дӯзанда кор карда, барои комёбиҳои меҳнатиаш бо ордени "Нишони Фахрӣ" мукофотонида шудааст.
Дар Хуҷанд аз қаҳрамониҳои занҳои тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд - видео
Собиқадори меҳнат ба меҳмонон "музей"-и худро низ нишон дод — тахтаҳои рангуборшудаи ошхона, кошук ва дигар асбобу анҷоми рузгор ҷамъ мекунад, коллексия ӯ аз Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина иборат аст.
Лентаи хабарҳо
0