https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-moshinhoi-barqi-vorid-1067134483.html
Ба Тоҷикистон дар се моҳи соли равон беш аз шаш ҳазор мошинҳои барқӣ ворид шудааст
Ба Тоҷикистон дар се моҳи соли равон беш аз шаш ҳазор мошинҳои барқӣ ворид шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар дар давоми се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 адад мошини барқӣ ворид карда шудааст
2025-04-27T11:39+0500
2025-04-27T11:39+0500
2025-04-27T11:39+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
худрав
мошин
барқӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/09/1062405043_0:1322:2048:2474_1920x0_80_0_0_f61f2546a43db4df1187cfbd052af034.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон омори дақиқи шумори мошинҳои барқиро эълон кард.Ба иттилои вазорат, шумораи мошинҳои барқӣ (электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш в воситаҳои махсуси борбардорӣ) ба 27580 адад расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд мебошад.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон хариди мошинҳои барқиро афзоиш додааст.Вазорати нақлиёти кишвар зикр кардааст, ки ҳоло афзоиши шумораи нақлиёти "сабз" дар қаламрави давлат вазифаи авлавиятнок эълон шудааст.Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар БДА бояд рақами давлатии сабз гиранд.Инчунин вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон низ навсозӣ мешавад.Ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд.Вазорати нақлиёт хабар додааст, ки ширкати "Aкиа Avesto" истеҳсоли намудҳои нави автобусҳои барқӣ ва инчунин тавлиди системаҳои дастгирии батареяро барои мошинҳои барқӣ ба нақша гирифтааст.
https://sputnik.tj/20250420/voridot-imtiyoznok-moshinho-barq-tojikiston-shart-guzoshtand-1067055397.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/09/1062405043_0:1146:2048:2682_1920x0_80_0_0_a5f2b21df81f3d7bcbecd551ae362934.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мошини барқӣ, воридот, мошини барқӣ, нақлиёт, мошин
тоҷикистон, мошини барқӣ, воридот, мошини барқӣ, нақлиёт, мошин
Ба Тоҷикистон дар се моҳи соли равон беш аз шаш ҳазор мошинҳои барқӣ ворид шудааст
Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 адад мошини барқӣ ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон омори дақиқи шумори мошинҳои барқиро эълон кард.
Ба иттилои вазорат, шумораи мошинҳои барқӣ (электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш в воситаҳои махсуси борбардорӣ) ба 27580 адад расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон хариди мошинҳои барқиро афзоиш додааст.
“Ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Вазорати нақлиёти кишвар зикр кардааст, ки ҳоло афзоиши шумораи нақлиёти "сабз" дар қаламрави давлат вазифаи авлавиятнок эълон шудааст.
Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар БДА бояд рақами давлатии сабз гиранд.
Инчунин вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон низ навсозӣ мешавад.
Ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд.
Вазорати нақлиёт хабар додааст, ки ширкати "Aкиа Avesto" истеҳсоли намудҳои нави автобусҳои барқӣ ва инчунин тавлиди системаҳои дастгирии батареяро барои мошинҳои барқӣ ба нақша гирифтааст.