https://sputnik.tj/20250420/voridot-imtiyoznok-moshinho-barq-tojikiston-shart-guzoshtand-1067055397.html
Барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон шарт гузоштанд
Барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон шарт гузоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Аз нимаю дуюми моҳи майи соли ҷорӣ воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон бо талаботи нав сурат хоҳад гирифт
2025-04-20T13:45+0500
2025-04-20T13:45+0500
2025-04-20T14:01+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/07/1063842929_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_aa7022d6d4233ab7c3dddad45e900db7.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ ба ҷумҳурӣ шарт гузошт. Бар асоси талаботи нав, воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешаванд, агар аз санаи барориш 1 сол нагузашта бошад.Дар ин бора дар Кодекси андози ҷумҳурӣ муқаррар шудаст. Қонуни мазкур баъди як моҳи нашри расмӣ - аз нимаю дуюми моҳи май мавриди амал қарор мегирад.Аммо ронандагони ин навъ нақлиёт мегӯянд, ки дар сурати ҷорӣ шудани чунин талабот ба қимати худрав низ зам хоҳад шуд.Ба гуфтаи Толиб ном ронандаи чунин мусофиркаш дар пойтахт, чунин имтиёзҳо буд, ки таваҷҷуҳро ба ин худравҳо ҷалб кард.Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурӣ барои воридоти худравҳои барқӣ имтиёзҳо, аз қабили озодӣ аз пардохти боҷу ва сабукӣ барои истифодаашонро додааст. Ба афроде, ки ба воридоти ин мошинҳо ва бунёди нуқтаҳои нерӯдиҳанҳда машғуланд, даҳ сол озодӣ аз андоз кафолат шудааст.Бар асоси барномаи ҳукуматӣ, то соли 2030 дар саросари кишвар бояд 30% аз шумораи умумии худравҳо бояд барқӣ шаванд.Ҳамзамон ҳукумати Душанбе низ талаш дорад, тамоми мусофиркашҳоро дар пойтах ба нақлиёти барқӣ табдил диҳад, ки дар ин бора соли 2024 қароре низ қабул шуда буд.Дар самти истеҳсоли чунин мошинҳо низ ҷумҳурӣ талошҳоеро пеш гирифтааст.Тавре қаблан Шералӣ Кабир Вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон бояд ба таври аҳсан аз захоири табии хеш истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки оби пок ва потенсиали азими энержӣ дорад, қатъан бояд ба самти истифода ва тавлиди худравҳои барқӣ биравад.Вай афзуд, Тоҷикистон худ тасмим дорад, ки тавлиди худравҳои барқиро дар қаламрави кишвар ба роҳ монад.“Мо дар ҳоли тавсеаи се проект бо кишвари Чин ҳастем. Албатта, интиқоли фановарӣ аз Чин интизор намеравад. Барои фаҳмидани шумо мисоли Ӯзбекистонро бароятон мезанам. Як проект бо ширкати чинии BYD дар ҳол ҳозир дар он кишвар иҷро мешавад. Аммо онҳо сари тавлиди худравҳои ҳибридӣ ҳамкорӣ доранд ва фановариҳои тавлиди худравҳои барқӣ ҳанӯз мунтақил нашудааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо се ширкати чинӣ вориди музокира шуда, дар ин амр пешравиҳое ҳам доштааст.
https://sputnik.tj/20240920/chin-viloyat-sugd-istehsoli-moshin-barqi-ba-roh-monad-1064404637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/07/1063842929_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_fe6746089fb1e09965ebbd7eaf637f4d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
воридот имтиёзнок мошинҳо барқӣ тоҷикистон шарт
воридот имтиёзнок мошинҳо барқӣ тоҷикистон шарт
Барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон шарт гузоштанд
13:45 20.04.2025 (Навсозишуда: 14:01 20.04.2025) Аз нимаю дуюми моҳи майи соли ҷорӣ воридоти худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон бо талаботи нав сурат хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ ба ҷумҳурӣ шарт гузошт.
Бар асоси талаботи нав, воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешаванд, агар аз санаи барориш 1 сол нагузашта бошад.
Дар ин бора дар Кодекси андози ҷумҳурӣ муқаррар шудаст.
Қонуни мазкур баъди як моҳи нашри расмӣ - аз нимаю дуюми моҳи май мавриди амал қарор мегирад.
Аммо ронандагони ин навъ нақлиёт мегӯянд, ки дар сурати ҷорӣ шудани чунин талабот ба қимати худрав низ зам хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Толиб ном ронандаи чунин мусофиркаш дар пойтахт, чунин имтиёзҳо буд, ки таваҷҷуҳро ба ин худравҳо ҷалб кард.
"Ба хотири ҳамин имтиёзҳо воридот ва нархаш низ каме ҳам бошад муносиб аст. Табиист, ки худрави нав аз корхона истеҳсолшуда, аз оне, ки ҳоло меоранд гаронтар хоҳад буд",- гуфт мавсуф дар сущбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҷумҳурӣ барои воридоти худравҳои барқӣ имтиёзҳо, аз қабили озодӣ аз пардохти боҷу ва сабукӣ барои истифодаашонро додааст.
Ба афроде, ки ба воридоти ин мошинҳо ва бунёди нуқтаҳои нерӯдиҳанҳда машғуланд, даҳ сол озодӣ аз андоз кафолат шудааст.
Бар асоси барномаи ҳукуматӣ, то соли 2030 дар саросари кишвар бояд 30% аз шумораи умумии худравҳо бояд барқӣ шаванд.
Ҳамзамон ҳукумати Душанбе низ талаш дорад, тамоми мусофиркашҳоро дар пойтах ба нақлиёти барқӣ табдил диҳад, ки дар ин бора соли 2024 қароре низ қабул шуда буд.
Дар самти истеҳсоли чунин мошинҳо низ ҷумҳурӣ талошҳоеро пеш гирифтааст.
Тавре қаблан Шералӣ Кабир Вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Тоҷикистон бояд ба таври аҳсан аз захоири табии хеш истифода кунад ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки оби пок ва потенсиали азими энержӣ дорад, қатъан бояд ба самти истифода ва тавлиди худравҳои барқӣ биравад.
“Ҳол мебинед, ки теъдоди худравҳои барқӣ дар кишвар, қабл аз ҳама шаҳри Душанбе меафзояд ва аз имконоту роҳатии он хабар доред. Масалан, чаҳор то панҷ баробар коромадтару камхарҷтар аст аз нигоҳи молиявӣ ва созгор аст бо муҳит зист”, - гуфт вазири саноат ва технологияҳои нав.
Вай афзуд, Тоҷикистон худ тасмим дорад, ки тавлиди худравҳои барқиро дар қаламрави кишвар ба роҳ монад.
“Мо дар ҳоли тавсеаи се проект бо кишвари Чин ҳастем. Албатта, интиқоли фановарӣ аз Чин интизор намеравад. Барои фаҳмидани шумо мисоли Ӯзбекистонро бароятон мезанам. Як проект бо ширкати чинии BYD дар ҳол ҳозир дар он кишвар иҷро мешавад. Аммо онҳо сари тавлиди худравҳои ҳибридӣ ҳамкорӣ доранд ва фановариҳои тавлиди худравҳои барқӣ ҳанӯз мунтақил нашудааст”, - гуфт Шералӣ Кабир.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо се ширкати чинӣ вориди музокира шуда, дар ин амр пешравиҳое ҳам доштааст.