https://sputnik.tj/20250424/totoriston-ba-tojikiston-dar-hajmi-4-million-dollar-mahsuloti-sodirot-kardaast-1067104376.html
Тотористон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 миллион доллар маҳсулот содирот кардааст
Тотористон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 миллион доллар маҳсулот содирот кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тотористони Русия дар соли 2025 тасмим гирифтааст, содироти маҳсулоти “ҳалол”-ро ба хориҷ аз кишвар афзоиш диҳад
2025-04-24T14:29+0500
2025-04-24T14:29+0500
2025-04-24T15:43+0500
тотористон
дар тоҷикистон
содирот
маҳсулот
ҳалол
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102554/74/1025547464_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a2c256d7fe7c9ae5bb3bce3ebe5950d7.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тавре муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Тотористон Рустам Ғайнуллов гуфтааст, нақшаи содирот, 15 миллион долларро ташкил медиҳад.Дар соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулоти ҳалол аз Тотористон 14 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 2,5 миллион доллар зиёд аст.Ҳамчунин дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Тотористон хабар додааст, ки дар ин ҷумҳурӣ 20 ширкат ба содироти маҳсулоти ҳалол машғул аст.Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ ва ғизои Тотористон, ин ширкатҳо ба кишварҳои ҷаҳони ислом гӯшту шир ва маҳсулоти қаннодӣ содирот мекунанд.Дар ҳамин ҳол ин ниҳод хабар додааст, ки Тотористон ҳамкориро бо кишварҳои ҷаҳони ислом, ки пештар дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, фаъолона тақвият медиҳад.Ҳамин тариқ, дар соли 2024 ҷумҳурӣ ба Қазоқистон ба маблағи 48,8 млн доллар, ба Узбакистон 15,7 млн доллар, ба Тоҷикистон 4 млн доллар ва ба Қирғизистон 3 млн доллар маҳсулоти озуқа содирот кардааст.Ба ин кишварҳо асосан соусҳо ва маҳсулоти тайёр кардан аз онҳо, яхмос ва дигар намуди маҳсулоти яхшуда, махсулоти ширӣ, мураббо, мармелад, пура ва дигар молҳо содирот шудааст.Муовини якуми раиси раёсати Палатаи савдо ва саноати Тотористон Артур Николаев дар сӯҳбат бо “РБК Татористон” қайд кард, ки ин ҷумҳурӣ метавонад ҳаҷми содироти маҳсулоти озуқаро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад.
https://sputnik.tj/20250404/gashtuguzori-rahbari-totoriston-khujand-1066860950.html
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102554/74/1025547464_233:0:2964:2048_1920x0_80_0_0_7969c843e956f269ea9096987f184269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тотористон, содирот, маҳсулот, ҳалол, русия
тоҷикистон, тотористон, содирот, маҳсулот, ҳалол, русия
Тотористон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 4 миллион доллар маҳсулот содирот кардааст
14:29 24.04.2025 (Навсозишуда: 15:43 24.04.2025) Ҷумҳурии Тотористони Русия дар соли 2025 тасмим гирифтааст, содироти маҳсулоти “ҳалол”-ро ба хориҷ аз кишвар афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тавре муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Тотористон Рустам Ғайнуллов гуфтааст, нақшаи содирот, 15 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулоти ҳалол аз Тотористон 14 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 2,5 миллион доллар зиёд аст.
Ҳамчунин дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Тотористон хабар додааст, ки дар ин ҷумҳурӣ 20 ширкат ба содироти маҳсулоти ҳалол машғул аст.
Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ ва ғизои Тотористон, ин ширкатҳо ба кишварҳои ҷаҳони ислом гӯшту шир ва маҳсулоти қаннодӣ содирот мекунанд.
Дар ҳамин ҳол ин ниҳод хабар додааст, ки Тотористон ҳамкориро бо кишварҳои ҷаҳони ислом, ки пештар дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, фаъолона тақвият медиҳад.
Ҳамин тариқ, дар соли 2024 ҷумҳурӣ ба Қазоқистон ба маблағи 48,8 млн доллар, ба Узбакистон 15,7 млн доллар, ба Тоҷикистон 4 млн доллар ва ба Қирғизистон 3 млн доллар маҳсулоти озуқа содирот кардааст.
Ба ин кишварҳо асосан соусҳо ва маҳсулоти тайёр кардан аз онҳо, яхмос ва дигар намуди маҳсулоти яхшуда, махсулоти ширӣ, мураббо, мармелад, пура ва дигар молҳо содирот шудааст.
Муовини якуми раиси раёсати Палатаи савдо ва саноати Тотористон Артур Николаев дар сӯҳбат бо “РБК Татористон” қайд кард, ки ин ҷумҳурӣ метавонад ҳаҷми содироти маҳсулоти озуқаро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад.