https://sputnik.tj/20250404/gashtuguzori-rahbari-totoriston-khujand-1066860950.html
Гаштугузори раҳбари Тотористон дар Хуҷанд
Гаштугузори раҳбари Тотористон дар Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Раис-раисҷумҳури Ҷумҳурии Тотористони Русия Рустам Минниханов дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд дидан кард
2025-04-04T16:29+0500
2025-04-04T16:29+0500
2025-04-04T16:29+0500
дар тоҷикистон
суғд
хуҷанд
тотористон
ҳамкорӣ
мавзеъҳо
сайёҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/04/1066857476_0:83:1600:983_1920x0_80_0_0_342ae810c1e6ea6d47534a8f87323dfc.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апрел – Sputnik. Раҳбари Тотористон Рустам Миннихонов аз осори фарҳангии Хуҷанд дидан кард.Дафтари матбуоти раҳбари ин ҷумҳурии Русия хабар дод, ки ӯ дар чаҳорчӯби сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд дидан кард.Гуфта мешавад, ки меҳмони олимақом аз Қасри фарҳанги Арбоб ва маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд боздид кардааст.Ғайр аз ин дар ба раҳбари Тотористон саҳнаҳои мусиқии анъанавӣ намоиш дода шуданд.Рустам Миннихонов зимни боздид аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд ба ширкатҳои сайёҳӣ дастур додааст, ки масирҳоро омӯхта, ҷараёни мутақобилаи гардишгаронро аз Тотористон ба Тоҷикистон ва баръак афзоиш диҳанд.Ёдовар мешавем, ки Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон, пас аз мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо як сафари корӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафар кард.Дар Гулистон мулоқоти оқои Миниханов бо раиси вилоят Рачаббой Ахмадзода сурат гирифт.Ба гуфтаи Минниханов, Тотористон ба густариши ҳузури ширкатҳои пешқадам дар бозори Тоҷикистон ва афзоиш додани интиқоли навъҳои мухталифи коло – аз кишоварзӣ то маҳсулоти мошинсозии вазнин манфиатдор аст.
суғд
хуҷанд
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/04/1066857476_25:0:1446:1066_1920x0_80_0_0_8b4639591f1fcf90e42735eca9f75baf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тотористон, раисҷумҳур, хуҷанд, раҳбар, миниханов, суғд, мавзеъҳои зебо
тоҷикистон, тотористон, раисҷумҳур, хуҷанд, раҳбар, миниханов, суғд, мавзеъҳои зебо
Гаштугузори раҳбари Тотористон дар Хуҷанд
Раис-раисҷумҳури Ҷумҳурии Тотористони Русия Рустам Минниханов дар ҷараёни сафараш ба вилояти Суғд аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд дидан кард
ДУШАНБЕ, 4 апрел – Sputnik. Раҳбари Тотористон Рустам Миннихонов аз осори фарҳангии Хуҷанд дидан кард.
Дафтари матбуоти раҳбари ин ҷумҳурии Русия хабар дод, ки ӯ дар чаҳорчӯби сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд дидан кард.
Гуфта мешавад, ки меҳмони олимақом аз Қасри фарҳанги Арбоб ва маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд боздид кардааст.
Ғайр аз ин дар ба раҳбари Тотористон саҳнаҳои мусиқии анъанавӣ намоиш дода шуданд.
Рустам Миннихонов зимни боздид аз мавзеъҳои зебои шаҳри Хуҷанд ба ширкатҳои сайёҳӣ дастур додааст, ки масирҳоро омӯхта, ҷараёни мутақобилаи гардишгаронро аз Тотористон ба Тоҷикистон ва баръак афзоиш диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон, пас аз мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо як сафари корӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон сафар кард.
Дар Гулистон мулоқоти оқои Миниханов бо раиси вилоят Рачаббой Ахмадзода сурат гирифт.
Ба гуфтаи Минниханов, Тотористон ба густариши ҳузури ширкатҳои пешқадам дар бозори Тоҷикистон ва афзоиш додани интиқоли навъҳои мухталифи коло – аз кишоварзӣ то маҳсулоти мошинсозии вазнин манфиатдор аст.