https://sputnik.tj/20250424/peskov-muzokirot-rusiya-ima-ukrainaro-sharh-1067108217.html
Песков музокироти Русия ва ИМА дар бораи Украинаро шарҳ дод
Песков музокироти Русия ва ИМА дар бораи Украинаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш бо ИМА ҳамкорӣ дорад ва ҳадафи он расидан ба сулҳ дар Украина мебошад ва музокирот дар ин маврид идома дорад
2025-04-24T19:59+0500
2025-04-24T19:59+0500
2025-04-24T19:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
русия
украина
дмитрий песков
музокирот
има
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841953_0:63:3072:1791_1920x0_80_0_0_770910350a79dbd3e00c602d9a722976.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, кишвараш ҳамкориро бо Иёлоти Муттаҳида идома медиҳад ва ҳадафи ин ҳамкориҳо расидан ба сулҳ дар Украина аст."Русия ҳамкорӣ бо ҷониби Амрикоро идома медиҳад. Мо ба идомаи талошҳо барои расидан ба сулҳ тамаркуз дорем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Дмитрий Песков гуфт, Маскав ихтилофоти муайянеро дар раванди музокирот дар бораи ҳалли масъалаи Украина миёни ИМА, Аврупо ва Украина мебинад."Мо мебинем, ки дар он ҷо ихтилофоти муайян вуҷуд дорад", - гуфт Песков.Рӯзи сешанбе нашрияи "Вашингтон Пост" бо такя ба манобеъаш қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар нишасти ҳалли муноқишаи Украина ба кишварҳои аврупоӣ ва Украина пешниҳод карданист, ки Қримро ҳамчун Русия эътироф кунанд, дар ҳоле ки муттаҳидони режими Киев умед доранд, ки дар ивази ин барои Украина кафолати амниятӣ бигиранд.Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран аз гуфтаҳои Владимир Зеленский интиқод кард ва гуфт, ки шарҳҳои Зеленский дар бораи Қрим ба музокироти сулҳ бо Русия халал мерасонанд.Ба гуфтаи раҳбари Амрико, вазъ дар Украина сангин аст, аз ин рӯ роҳбари режими Киев бояд ё сулҳ кунад ва ё дар давоми се сол тамоми кишварро аз даст диҳад.
https://sputnik.tj/20250423/putin-tamomi-artishhoi-jahon-tajribai-rusiya-meomuzand-1067096205.html
русия
украина
има
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841953_251:0:2982:2048_1920x0_80_0_0_7f06611df2a09fd8a525ee6da0ba4db0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, украина, има, музокирот, ҳамкорӣ, песков
русия, амалиёти вижа, украина, има, музокирот, ҳамкорӣ, песков
Песков музокироти Русия ва ИМА дар бораи Украинаро шарҳ дод
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки кишвараш бо ИМА ҳамкорӣ дорад ва ҳадафи он расидан ба сулҳ дар Украина мебошад ва музокирот дар ин маврид идома дорад
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, кишвараш ҳамкориро бо Иёлоти Муттаҳида идома медиҳад ва ҳадафи ин ҳамкориҳо расидан ба сулҳ дар Украина аст.
"Русия ҳамкорӣ бо ҷониби Амрикоро идома медиҳад. Мо ба идомаи талошҳо барои расидан ба сулҳ тамаркуз дорем", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Дмитрий Песков гуфт, Маскав ихтилофоти муайянеро дар раванди музокирот дар бораи ҳалли масъалаи Украина миёни ИМА, Аврупо ва Украина мебинад.
"Мо мебинем, ки дар он ҷо ихтилофоти муайян вуҷуд дорад", - гуфт Песков.
Рӯзи сешанбе нашрияи "Вашингтон Пост" бо такя ба манобеъаш қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар нишасти ҳалли муноқишаи Украина ба кишварҳои аврупоӣ ва Украина пешниҳод карданист, ки Қримро ҳамчун Русия эътироф кунанд, дар ҳоле ки муттаҳидони режими Киев умед доранд, ки дар ивази ин барои Украина кафолати амниятӣ бигиранд.
Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран аз гуфтаҳои Владимир Зеленский интиқод кард ва гуфт, ки шарҳҳои Зеленский дар бораи Қрим ба музокироти сулҳ бо Русия халал мерасонанд.
Ба гуфтаи раҳбари Амрико, вазъ дар Украина сангин аст, аз ин рӯ роҳбари режими Киев бояд ё сулҳ кунад ва ё дар давоми се сол тамоми кишварро аз даст диҳад.