https://sputnik.tj/20250423/putin-tamomi-artishhoi-jahon-tajribai-rusiya-meomuzand-1067096205.html
Путин гуфт, тамоми артишҳои ҷаҳон таҷрибаи Русияро дар амалиёти вижаи низомӣ меомӯзанд
Путин гуфт, тамоми артишҳои ҷаҳон таҷрибаи Русияро дар амалиёти вижаи низомӣ меомӯзанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия гуфт, ки тамоми артишҳои ҷаҳон ва истеҳсолкунандагони аслиҳа таҷрибаи Русияро дар амалиёти вижаи низомӣ хуб меомӯзанд
2025-04-23T20:01+0500
2025-04-23T20:01+0500
2025-04-23T20:01+0500
русия
амалиёти вижа
украина
владимир путин
артиш
таҷриба
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066733165_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_47b86d30b3a6c8f6829ab82d4f080b26.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран гуфт, ки артишҳои тамоми ҷаҳон ва тавлидкунандагони аслиҳа таҷрибаи Русия дар бурдани ҷанг дар минтақаи амалиёти вижаи низомир таҳлилу меомӯзанд."Мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз таҷрибаи мо дар мавриди анҷоми амалиёти вижаи низомӣ чӣ аз назари тактика ва чӣ аз назари рушди фаннии аслиҳа, бидуни ҳеҷ муболиға аз ҷониби тамоми артишҳои ҷаҳон, раҳбарони корхонаҳои тавлиди аслиҳа ва ширкатҳои технологӣ омӯхта мешавад", — гуфт Путин.Ҳамчунин оқои Путин дар ҷаласаи комиссияи саноатии ҳарбӣ гуфт, тамоюлҳои ҷаҳонии рушди фанновариҳои низомӣ бояд ба қадри имкон дар рушди маҷмааи саноатии низомӣ ба инобат гирифта шаванд."Албатта, мо бояд то ҳадди имкон тамоюлҳои ҷаҳонии рушди фанновариҳои низомиро ба инобат гирем, яъне мо бояд пешгӯӣ кунем ва бифаҳмем, ки эҳтимоли муноқишаҳои мусаллаҳонаи оянда чӣ гуна хоҳад буд”, - гуфт Путин.Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки вазифаҳое, ки имсол назди корхонаҳои низомӣ гузошта шудаанд, аз ҷумла бо назардошти иҷрои барномаи васеъ ва азнавкардани иқтидорҳои саноати низомӣ, ки дар он зиёда аз 400 корхона иштирок доранд, боз хам бештар аст.
https://sputnik.tj/20250307/kreml-meguyad-ukraina-muzokirot-amaliyoti-vizha-idoma-1066488793.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1b/1066733165_46:0:2775:2047_1920x0_80_0_0_a67862c851998e2412f7c9afa48683b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, амалиёти вижа, таҷриба омӯхтан, владимир путин, истеҳсол
тоҷикистон, амалиёти вижа, таҷриба омӯхтан, владимир путин, истеҳсол
Путин гуфт, тамоми артишҳои ҷаҳон таҷрибаи Русияро дар амалиёти вижаи низомӣ меомӯзанд
Раҳбари Русия гуфт, ки тамоми артишҳои ҷаҳон ва истеҳсолкунандагони аслиҳа таҷрибаи Русияро дар амалиёти вижаи низомӣ хуб меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ахиран гуфт, ки артишҳои тамоми ҷаҳон ва тавлидкунандагони аслиҳа таҷрибаи Русия дар бурдани ҷанг дар минтақаи амалиёти вижаи низомир таҳлилу меомӯзанд.
"Мехоҳам таъкид намоям, ки имрӯз таҷрибаи мо дар мавриди анҷоми амалиёти вижаи низомӣ чӣ аз назари тактика ва чӣ аз назари рушди фаннии аслиҳа, бидуни ҳеҷ муболиға аз ҷониби тамоми артишҳои ҷаҳон, раҳбарони корхонаҳои тавлиди аслиҳа ва ширкатҳои технологӣ омӯхта мешавад", — гуфт Путин.
Ҳамчунин оқои Путин дар ҷаласаи комиссияи саноатии ҳарбӣ гуфт, тамоюлҳои ҷаҳонии рушди фанновариҳои низомӣ бояд ба қадри имкон дар рушди маҷмааи саноатии низомӣ ба инобат гирифта шаванд.
"Албатта, мо бояд то ҳадди имкон тамоюлҳои ҷаҳонии рушди фанновариҳои низомиро ба инобат гирем, яъне мо бояд пешгӯӣ кунем ва бифаҳмем, ки эҳтимоли муноқишаҳои мусаллаҳонаи оянда чӣ гуна хоҳад буд”, - гуфт Путин.
Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки вазифаҳое, ки имсол назди корхонаҳои низомӣ гузошта шудаанд, аз ҷумла бо назардошти иҷрои барномаи васеъ ва азнавкардани иқтидорҳои саноати низомӣ, ки дар он зиёда аз 400 корхона иштирок доранд, боз хам бештар аст.