Амрико аз пешрафти хеле хуб дар музокирот бо Эрон дар Рум хабар дод

© Depositphotos.com \ KagenmiФлаги США и Ирана
Флаги США и Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2025
Обуна шудан
Музокироти баргузоршуда ба тарафҳо имкон дод, ки ба марҳалаи баъдӣ барои расидан ба як тавофуқи одилона ва доимӣ гузаранд, менависанд расонаҳо
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. ИМА дар пайи музокирот бо Эрон дар Рум аз пешрафти хеле хуб хабар дод, менависад рӯзномаи The Washington Post бо такя ба як мақоми баландпояи маъмурияти президент Доналд Трамп.
"Дар давраи дуюми гуфтушунид, ки зиёда аз чор соат давом кард, мо дар мубоҳисаҳои бевосита ва бавоситаи худ ба пешравии хеле хуб ноил гардидем", — гуфта мешавад дар матлаб.
Тавре Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе хабар дод, даври севуми музокирот рӯзи 26 апрел ва нишасти гурӯҳҳои фаннӣ дар сатҳи коршиносон рӯзи чаҳоршанбеи 23 апрел дар Уммон дар назар аст.
Ӯ гуфт, даври нави музокирот бо ИМА дар фазои созанда ва пешрафт сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Эрон афзуд, ки тавонистаанд, дар як қатор принсипҳо ва ҳадафҳо ба ҳамдигарфаҳмии беҳтар ноил шаванд.
Ба гузориши хабаргузории ONA, музокироти баргузоршуда ба тарафҳо имкон дод, ки ба марҳалаи баъдӣ барои расидан ба як тавофуқи одилона ва доимӣ гузаранд, ки озодии Эронро аз қасди эҷоди силоҳи ҳастаӣ ва лағви пурраи таҳримҳо ва ҳифзи ҳуқуқи Теҳрон барои тавлиди нерӯи ҳастаии осоиштаро кафолат медиҳад.

Вазъият дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон

Дар авоили моҳи март, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар номае ба унвони раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои имзои созишномаи нави сулҳ дар мавриди энержии атомӣ муҳлати ду моҳро таъйин карда буд.
Баъдан дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки агар Вошингтон ва Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ба созиш наоянд, Амрико бомбборони пурқудратро ба ҶИ анҷом хоҳад дод.
Флаг Ирана на фоне ракеты на военном параде в Тегеране, Иран, 10 января 2025 г - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2025
Нодирӣ: Эрон бояд қудрати ҳастаӣ дошта бошад
Тавре раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён қайд кард, ин кишвар аз музокироти мустақими Вашингтон дар ин замина даст кашид, аммо гуфтугӯ аз тариқи миёнаравҳо боз аст.
12 апрел дар Уммон гуфтушуниди ғайримустақим миёни фиристодаи президенти ИМА оид ба Ховари Миёна Стив Уиткофф ва вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ баргузор шуд.
Ҷониби ИМА изҳор намуд, ки мулоқот мусбат буд. Дипломати эронӣ низ онро созанда ва ором хондааст.
Лентаи хабарҳо
0