https://sputnik.tj/20250416/taloshi-dushanbevu-bishkek-khatsayri-nav-ziyod-parvozho-1066992017.html
Талоши Душанбеву Бишкек барои боз намудани хатсайри нав ва зиёд намудани шумораи парвозҳо
Талоши Душанбеву Бишкек барои боз намудани хатсайри нав ва зиёд намудани шумораи парвозҳо
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи боз нумадани хастайри нав Душанбе – Иссик Кул ва Хуҷанд – Иссик Кулро баррасӣ карданд
2025-04-16T09:36+0500
2025-04-16T09:36+0500
2025-04-16T09:36+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
парвозҳо
хатсайри нав
бишкек
душанбе
авиатсияи гражданӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066991558_148:467:2048:1536_1920x0_80_0_0_f6f8c827fd3698058f035e6e666abe02.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании Қирғизистон Бостонов Данияр масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷандро баррасӣ карданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.“Дар рафти мулоқот масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани парвозҳо дар хастайри Душанбе – Иссик Кул ва Хуҷанд – Иссик Кулро баррасӣ шуд”, - қайд намудааст манбаъ.Ҳамчунин дар ин дидор мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ низ баррасӣ гардид.Баъд аз анҷом расидани мулоқот барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании Қирғизистон” ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20250331/saron-tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-sozishnoma-tarikh-imzo-kardand-1066794921.html
қирғизистон
бишкек
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0f/1066991558_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_8c9c82917ca23641e47756e995d432fb.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, парвоз, хатсайр, авиатсияи гражданӣ, бишкек душанбе
тоҷикистон, қирғизистон, парвоз, хатсайр, авиатсияи гражданӣ, бишкек душанбе
Талоши Душанбеву Бишкек барои боз намудани хатсайри нав ва зиёд намудани шумораи парвозҳо
Роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистону Қирғизистон масъалаи боз нумадани хастайри нав Душанбе – Иссик Кул ва Хуҷанд – Иссик Кулро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур бо Директори Агентии давлатии авиатсияи граждании Қирғизистон Бостонов Данияр масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷандро баррасӣ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
“Дар рафти мулоқот масъалаи зиёд намудани шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе – Бишкек – Душанбе ва Хуҷанд – Бишкек – Хуҷанд, кушодани парвозҳо дар хастайри Душанбе – Иссик Кул ва Хуҷанд – Иссик Кулро баррасӣ шуд”, - қайд намудааст манбаъ.
Ҳамчунин дар ин дидор мустаҳкам намудани ҳамкориҳои дуҷониба оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи гражданӣ низ баррасӣ гардид.
Баъд аз анҷом расидани мулоқот барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии мутахассисони соҳаи авиатсияи гражданӣ, лоиҳаи “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Агентии давлатии авиатсияи граждании Қирғизистон” ба имзо расид.