https://sputnik.tj/20250414/vaziri-naqliyot-soli-ravon-pul-naqb-kilometr-rohho-1066974533.html
Вазири нақлиёт гуфт дар соли равон чанд пул, нақб ва километр роҳҳо сохта мешаванд
Вазири нақлиёт гуфт дар соли равон чанд пул, нақб ва километр роҳҳо сохта мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёт гуфт, соли равон 23 пул, 3 нақб ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд
2025-04-14T15:13+0500
2025-04-14T15:13+0500
2025-04-14T15:13+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
пул
нақб
роҳ
сохтмон
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973799_251:0:3892:2048_1920x0_80_0_0_8ee175ba8c9e5e24cb12ad3080f55e7b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат гуфт, ки соҳаи роҳу нақлиёт на танҳо яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, балки рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба фаъолияти мураттаб ва босифати он вобаста мебошад.Вазири нақлиёти кишвар дар ҷаласа ёдовар шуд, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди "Данғара – Гулистон" (49 километр) ва "Гулистон – Фархор" (29,6 километр) оғоз гардиданд.Ҳамзамон Азим Иброҳим гуфт, ки имсол, тибқи 5 лоиҳаи дигар, 23 пули автомобилгард бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди "Роғун - Обигарм – Нуробод", "Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон", қитъаи роҳ аз шоҳроҳи "Душанбе – Рашт" то шаҳраки Роғун ва нақби "Истиқлол" ба истифода дода мешаванд."Корхонаву муассисаҳои дахлдор ва шахсони масъул бояд ба ифтитоҳи ин иншоот ба таври ҷиддӣ ва комилан омода шаванд", – гуфт вазири нақлиёти кишвар.Ба иттилои вазорати нақлиёт феълан тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 79 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.Ҳамзамон соли ҷорӣ тибқи 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 млн доллар 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд.
https://sputnik.tj/20250414/vazorati-naqliyot-borkashoni-tranziti-tojikiston-afzoish-1066972549.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031973799_706:0:3437:2048_1920x0_80_0_0_2205fd4ad8f6d1a6162da8398dea015c.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, сохтмон, пул, нақб, вазорати нақлиёт, азим иброҳим
тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, сохтмон, пул, нақб, вазорати нақлиёт, азим иброҳим
Вазири нақлиёт гуфт дар соли равон чанд пул, нақб ва километр роҳҳо сохта мешаванд
Вазири нақлиёт гуфт, соли равон 23 пул, 3 нақб ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Азим Иброҳим вазири нақлиёти Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат гуфт, ки соҳаи роҳу нақлиёт на танҳо яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, балки рушди тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба фаъолияти мураттаб ва босифати он вобаста мебошад.
Вазири нақлиёти кишвар дар ҷаласа ёдовар шуд, ки соли равон корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди "Данғара – Гулистон" (49 километр) ва "Гулистон – Фархор" (29,6 километр) оғоз гардиданд.
Ҳамзамон Азим Иброҳим гуфт, ки имсол, тибқи 5 лоиҳаи дигар, 23 пули автомобилгард бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди "Роғун - Обигарм – Нуробод", "Қалъаихумб - Ванҷ - даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон", қитъаи роҳ аз шоҳроҳи "Душанбе – Рашт" то шаҳраки Роғун ва нақби "Истиқлол" ба истифода дода мешаванд.
"Корхонаву муассисаҳои дахлдор ва шахсони масъул бояд ба ифтитоҳи ин иншоот ба таври ҷиддӣ ва комилан омода шаванд", – гуфт вазири нақлиёти кишвар.
Ба иттилои вазорати нақлиёт феълан тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 79 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
Ҳамзамон соли ҷорӣ тибқи 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 млн доллар 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд.