https://sputnik.tj/20250414/vazorati-naqliyot-borkashoni-tranziti-tojikiston-afzoish-1066972549.html
Вазорати нақлиёт: Боркашонии транзитӣ аз ҳудуди Тоҷикистон чанд маротиба афзоиш ёфт
Вазорати нақлиёт: Боркашонии транзитӣ аз ҳудуди Тоҷикистон чанд маротиба афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тайи се моҳи соли равон ҳаҷми боркашонии транзитӣ аз ҳудуди кишвар 8,7 ҳаз. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чанд маротиба зиёд аст
2025-04-14T14:03+0500
2025-04-14T14:03+0500
2025-04-14T14:03+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
боркашонӣ
зиёд шудан
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_45f4f92523e47ae705434b724d11ddb1.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон, тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 29 млн. тонна бор ва 252 млн. мусофир интиқол дода шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 12,3% ва мусофирбарӣ 8,3% зиёд гардид.Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.Ба иттилои масъулини вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра 27,4 млн. тонна бор ва 251,7 млн. мусофир интиқол дода шуда, ҳаҷми боркашонӣ 12,3%, мусофирбарӣ 8,2% зиёд шудааст.Ҳамчунин ба миқдори 92,5% бор (27,4 млн. тонна) ва 99,8% мусофирон (251,7 млн. нафар) ба воситаи нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шудаанд.Қайд карда шудааст, ки зиёда аз 31,4% боркашонӣ (9 млн. 309,8 ҳазор тонна) ва 98% мусофирбарӣ (247 млн. 636,7 ҳазор нафар) тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт иҷро шудааст.Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ низ 42,4% (720,6 ҳазор тонна) ва мусофирбарии байналмилалӣ 56,2% (13,89 ҳаз. нафар мусофир) зиёд иҷро гардид.“Дар интиқоли байналмиллалии бор ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан назаррас буда, 71,8 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд”, - қад кардааст вазорати нақлиёт.Инчунин ба иттилои вазорати нақлиёт ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамагӣ 53,9%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% кам аст.“Яке аз сабабҳои асосии камшавии ин нишондиҳанда сари вақт дастрас нагардидани рухастномаҳо аз баъзе давлатҳо ва аз ҷониби ширкатҳои нақлиётӣ истифода нашудани қисмате аз рухсатномаҳои дастрасшуда мебошад”, - таъкид кардаанд масъулини вазорат.Дар ин давра ҳамчунин 49700 адад рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалӣ аз 20 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, аз ин миқдор 24,5% (11785 адад) рухсатномаҳо истифода шуданд.Зикр гардидааст, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат зикр гардид, ки Тоҷикистон ба самти ин ҳадафи стратегии худ бо қадамҳои боэътимод пеш меравад.Гуфта шуд, ки тайи се моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути ҳудуди кишварамон ба 8,7 ҳазор тонна расид, ки ин нисбат ба ҳамин давораи соли гузашта ба чанд маротиб бештар аст.Дар семоҳаи аввали соли 2024 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 129,8 тоннаро ташкил дода буд.Қайд карда шудааст, ки феълан тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 79 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.Ҳамзамон соли ҷорӣ тибқи 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 млн доллар 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд.
https://sputnik.tj/20241125/ijozatnoma-borkashoni-dozvol-miyoni-tojikiston-uzbekiston-bekor-1065260566.html
https://sputnik.tj/20240829/dushanbevu-boku-afzoish-borkashoni-doloni-naqliyoti-1064120784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_bf1e8946b15c3e4001cc7c95a0534e3e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боркашонӣ, вазорати нақлиёт, афзоиш, транзит, нақлиёт
тоҷикистон, боркашонӣ, вазорати нақлиёт, афзоиш, транзит, нақлиёт
Вазорати нақлиёт: Боркашонии транзитӣ аз ҳудуди Тоҷикистон чанд маротиба афзоиш ёфт
Тайи се моҳи соли равон ҳаҷми боркашонии транзитӣ аз ҳудуди кишвар 8,7 ҳаз. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чанд маротиба зиёд аст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон, тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 29 млн. тонна бор ва 252 млн. мусофир интиқол дода шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боркашонӣ 12,3% ва мусофирбарӣ 8,3% зиёд гардид.
Дар ин бора дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои масъулини вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра 27,4 млн. тонна бор ва 251,7 млн. мусофир интиқол дода шуда, ҳаҷми боркашонӣ 12,3%, мусофирбарӣ 8,2% зиёд шудааст.
Ҳамчунин ба миқдори 92,5% бор (27,4 млн. тонна) ва 99,8% мусофирон (251,7 млн. нафар) ба воситаи нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки зиёда аз 31,4% боркашонӣ (9 млн. 309,8 ҳазор тонна) ва 98% мусофирбарӣ (247 млн. 636,7 ҳазор нафар) тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт иҷро шудааст.
Ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ низ 42,4% (720,6 ҳазор тонна) ва мусофирбарии байналмилалӣ 56,2% (13,89 ҳаз. нафар мусофир) зиёд иҷро гардид.
“Дар интиқоли байналмиллалии бор ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан назаррас буда, 71,8 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд”, - қад кардааст вазорати нақлиёт.
Инчунин ба иттилои вазорати нақлиёт ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳамагӣ 53,9%-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8% кам аст.
“Яке аз сабабҳои асосии камшавии ин нишондиҳанда сари вақт дастрас нагардидани рухастномаҳо аз баъзе давлатҳо ва аз ҷониби ширкатҳои нақлиётӣ истифода нашудани қисмате аз рухсатномаҳои дастрасшуда мебошад”, - таъкид кардаанд масъулини вазорат.
Дар ин давра ҳамчунин 49700 адад рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалӣ аз 20 кишвари хориҷӣ дастрас гардида, аз ин миқдор 24,5% (11785 адад) рухсатномаҳо истифода шуданд.
Зикр гардидааст, ки ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст.
Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорат зикр гардид, ки Тоҷикистон ба самти ин ҳадафи стратегии худ бо қадамҳои боэътимод пеш меравад.
Гуфта шуд, ки тайи се моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми боркашонии транзитӣ тавассути ҳудуди кишварамон ба 8,7 ҳазор тонна расид, ки ин нисбат ба ҳамин давораи соли гузашта ба чанд маротиб бештар аст.
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 129,8 тоннаро ташкил дода буд.
Қайд карда шудааст, ки феълан тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 млрд. 79 млн. доллар мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
Ҳамзамон соли ҷорӣ тибқи 5 лоиҳа ба маблағи 590,9 млн доллар 23 пул бо дарозии 1,9 км, 3 нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода мешаванд.