Тоҷикистон сабти расонаҳо ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро оғоз кард

© Sputnik / Олег Макаров / Гузариш ба медиабонкЛедник Федченко в горах Памир в Таджикистане. Архивное фото
Ледник Федченко в горах Памир в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2025
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷа хабар дод, ки дар конфронс мансабдорони кишварҳои мухталиф, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони варзидаи иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Вазорати умури хориҷа сабти номи хабарнигорон ва расонаҳо хориҷиро барои иштирок дар ин чорабинӣ оғоз кардааст.
ВУХ қайд кардааст, ки расонаҳо ва хабарнигорон метавонанд то 15 майи соли 2025 худро дар сомонаи расмии Конфронс сабти ном кунанд.
Таъкид шудааст, ки иштирок дар чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки аз ҷараёни форумҳо, сессияҳои мавзуӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд иттилооти муфид дастрас гардад.
Официальный визит Министра иностранных дел Таджикистана в Казахстан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2025
Сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Қазоқистон
Қайд карда шудааст, ки дар доираи онҳо мансабдорони сатҳҳои гуногун аз кишварҳои мухталифи дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин коршиносони варзидаи соҳа иштирок ва суханронӣ мекунанд.
“Конфронс имконияти арзанда барои инъикоси ҳамаҷонибаи мавзӯъ ва равшаннамоии ҷанбаҳои муҳими чорабинӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мебошад”, - зикр кардааст вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0