Сафари Сироҷиддин Муҳриддин ба Қазоқистон

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаОфициальный визит Министра иностранных дел Таджикистана в Казахстан
Официальный визит Министра иностранных дел Таджикистана в Казахстан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазири хориҷаи Тоҷикистон санаи 11 апрел дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Олматӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 11 апрел дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Олматии Қазоқистонбаргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 11 апрел ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ низ баргузор мегардад, ки Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон онро раисӣ мекунад.
Чанде қабл ВУХ Русия хабар дода буд, ки Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ, ки санаи 11 апрел дар шаҳри Олматӣ баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард
Вохӯрии кории Сергей Лавров бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2025
Мулоқоти Лавров ва Муҳриддин дар Маскав
"11 апрел дар Алма-Ато вазири корҳои хориҷии Русия дар нахустин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар соли ҷорӣ ширкат хоҳад кард. Сарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар бораи масъалаҳои кунунии байналмилалӣ табодули афкор намуда, авлавиятҳо ва самтҳои ҳамкориҳои ҳамгироӣ дар формати Иттиҳодияро дар соли ҷорӣ баррасӣ хоҳанд кард", — гуфт намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова.
Вай гуфт вазирон ба мавзуи таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин мавзӯи таҳкими амнияти сарҳадӣ таваҷҷуҳи хос хоҳанд дод.
Илова бар ин, Лавров дар ҳаштумин нишасти сарони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.
"Дар назар аст, ки доираи васеи масъалаҳои мубрами Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчӯби шашҷониба баррасӣ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0