https://sputnik.tj/20250409/tojikiston-rusiya-muboriza-jinoyat-mutashakkil-faromillir-barrasi-1066914998.html
Тоҷикистону Русия мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ карданд
Тоҷикистону Русия мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия барои рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ талош хоҳанд кард
2025-04-09T15:26+0500
2025-04-09T15:26+0500
2025-04-09T15:26+0500
дар тоҷикистон
русия
вкд
амният ва мудофиа
пешгирии ҷиноят
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/09/1066914697_0:84:1080:692_1920x0_80_0_0_ea80351e8248fa6cea1af0d4d39b9cd2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти роҳбарии муовини сардори Сарраёсати кофтукови ҷиноятии вазорати мазкур Шуров Андрей сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Қайд карда шудааст, ки дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ изҳори боварӣ намуданд.Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Маскав мақомотҳои ВКД-и Тоҷикистону Русия масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои умумӣ, ифротгароӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ баррасӣ намуданд.Инчунин намояндагони ВКД Русия ва Тоҷикистон масъалаи ҷустуҷӯи ва баргардонидани шахсоне, ки аз мақомоти интизомӣ, тафтишотӣ, ва суд фирор кардаанд, мавриди баррасӣ карда буданд.
https://sputnik.tj/20241119/vaziri-korhoi-dokhilii-rusiya-kohishi-jinoyot-miyoni-muhojiron-1065171596.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/09/1066914697_17:0:1034:763_1920x0_80_0_0_a70b2783b1f59dc58f94e309463c74c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, вкд, амният, ҷинояти муташаккили фаромилӣ, густариш
тоҷикистон, русия, вкд, амният, ҷинояти муташаккили фаромилӣ, густариш
Тоҷикистону Русия мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ карданд
Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия барои рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ талош хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Русия таҳти роҳбарии муовини сардори Сарраёсати кофтукови ҷиноятии вазорати мазкур Шуров Андрей сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо барои рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ изҳори боварӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Маскав мақомотҳои ВКД-и Тоҷикистону Русия масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои умумӣ, ифротгароӣ, муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин намояндагони ВКД Русия ва Тоҷикистон масъалаи ҷустуҷӯи ва баргардонидани шахсоне, ки аз мақомоти интизомӣ, тафтишотӣ, ва суд фирор кардаанд, мавриди баррасӣ карда буданд.