Вазири корҳои дохилии Русия аз коҳиши ҷиноёт миёни муҳоҷирон гуфт

© Sputnik / Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузариш ба медиабонкРассмотрение кандидатур на пост глав силовых ведомств и МИД в Совете Федерации
Рассмотрение кандидатур на пост глав силовых ведомств и МИД в Совете Федерации  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири дохилаи Русия Маскав ва Душанбе дар ҳалли амалиётҳои фаврӣ таҷрибаи зиёд доранд ва ду кишвар табодули маълумотро хуб ба роҳ мондаанд
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар Русия имсол амалҳои ғайриқонунии аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам алайҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилаи Русия дар ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор хабар дод.
"Ин нишондиҳандаи бисёр муҳим аст, ин тамоюлро бояд ҳифз кард”, - гуфт вазири Русия.
Дар ин дидор Колоколтсев таъкид кард, ки Русия ва Тоҷикистон табодули иттилоотро ба роҳ мондаанд ва дар ҳалли амалётҳои фаврӣ таҷрибаи зиёд доранд.
Вай ба унвони мисол аз ифшои куштори духтари ҷавон, ки беш аз 30 сол пеш дар Суғд содир шуда буд, мисол овард.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар баёнияе гуфтааст, ки дар мулоқот муҳимтарин вазифаҳои ҳамкорӣ, мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, табодули иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, Колоколтсев дар бораи коҳиши қонуншиканӣ ва содир намудани ҷиноятҳо аз сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид кард.
Советник Президента Российской Федерации, председатель Совета при Президенте Российской Федерации по развитию гражданского общества и правам человека Валерий Фадеев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2024
Риояи қонун, эҳтироми муҳоҷир: Фадеев роҳи танзими муҳоҷират дар Русияро гуфт
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа инчунин пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба андешидани чораҳо дар самти такмил додани ҳамкориҳо байни воҳидҳои тафтишотии Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар, инчунин пешгирӣ, муайян ва ошкор кардани ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омодасозӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрҳо як қатор таклифҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби Вазирони ҳарду кишвар Нақшаи кории Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон дар соли 2025 тасдиқ гардида, дар доираи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0