https://sputnik.tj/20250407/qimat-rubl-rusi-tojikiston-kohish-1066879995.html
Қимати рубли русӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Қимати рубли русӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси додаҳои нави БМ дар Тоҷикистон, қимати пули русӣ нисбат ба нишондодҳои охири ҳафтаи қаблӣ 1,8 сомонӣ коҳиш ёфтааст
2025-04-07T09:17+0500
2025-04-07T09:17+0500
2025-04-07T09:17+0500
рубл
доллар
евро
сомонӣ
қурби асъор
иқтисод
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_f997c738393263ffee7027b1c86db81c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қурби пули русӣ дар баробари арзи миллӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.Дар ин бора нишондодҳои тозаи Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 127,1 сомонӣ арзиш дорад.Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 128,9 сомонӣ буд.Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ бошад, каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.8763 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,8960 сомонӣ қимат дорад.Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ чун рубл, каме поин рафта, ҳар евро 12,0292 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 12,0466 сомонӣ медоданд.Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари гуфтушунидҳои Русия ва ИМА дар бораи анҷоми низоъи Украина, рубл нисбат ба сомонӣ аз нимаи дуюми моҳи феврал каме боло рафт.Асъорӣ русӣ панҷшанбеи 23 феврал ба нишондодҳои апрели соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 132,6 сомонӣ баробар гардида буд.Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20240810/bonki-milli-rubl-dodugirift-tojikiston-idm-1063880401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_57148055516a9de4d4e8824946aec61f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қимат рубл русӣ тоҷикистон коҳиш
қимат рубл русӣ тоҷикистон коҳиш
Қимати рубли русӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Бар асоси додаҳои нави БМ дар Тоҷикистон, қимати пули русӣ нисбат ба нишондодҳои охири ҳафтаи қаблӣ 1,8 сомонӣ коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қурби пули русӣ дар баробари арзи миллӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тозаи Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 1000 рубли русӣ 127,1 сомонӣ арзиш дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин нишондод дар охири ҳафтаи қаблӣ 128,9 сомонӣ буд.
Бино ба маълумоти БМТ, нархи доллари амрикоӣ бошад, каме боло шудааст. Агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.8763 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,8960 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол қимати пули аврупоӣ чун рубл, каме поин рафта, ҳар евро 12,0292 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 12,0466 сомонӣ медоданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар пасманзари гуфтушунидҳои Русия ва ИМА дар бораи анҷоми низоъи Украина, рубл нисбат ба сомонӣ аз нимаи дуюми моҳи феврал каме боло рафт.
Асъорӣ русӣ панҷшанбеи 23 феврал ба нишондодҳои апрели соли 2023 расида, ҳар 1000 рубл ба 132,6 сомонӣ баробар гардида буд.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар бо рубл маош мегиранд ва ба ватан маблағ мефиристанд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.