https://sputnik.tj/20240810/bonki-milli-rubl-dodugirift-tojikiston-idm-1063880401.html
Бонки миллӣ: Ҳиссаи рубл дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ба 60% расид
Бонки миллӣ: Ҳиссаи рубл дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ба 60% расид
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаҷми муомилоти доллар дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ва кишварҳои ИДМ то 36% коҳиш ёфт
2024-08-10T12:25+0500
2024-08-10T12:25+0500
2024-08-10T12:25+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
бмт
рубл
додугирифт
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/12/1063260019_0:13:3077:1744_1920x0_80_0_0_0b5cef22908de1770f0e23870b8648f7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳиссаи додугирифт бо рубли русӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар нимсолаи аввали соли равон то 60% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода хабар дод."Аз рӯи натиҷаҳои шаш моҳи соли равон ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ дар муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон то 60% афзоиш ёфта, ҳаҷми муомилоти доллар дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ то 36% коҳиш ёфт", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи вай, ин тағйирот бино бар вазъи номуайянӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки то ҳол вуҷуд дорад, ба вуҷуд омадааст.Вай илова кард, ки тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон талош доранд, ин хавфҳоро коҳиш диҳанд.Раиси Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаҷми пардохтҳо бо пули миллӣ дар ин давра ҳудуди 1% афзоиш ёфтааст.Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ва ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав аз тарафи кишварҳои ғарб, Русия додугирифташро бо шарикони тиҷоратӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо пули миллӣ шурӯъ кард.
https://sputnik.tj/20240601/chahor-mohi-avval-tojikiston-kohish-rusiya-1063063104.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/12/1063260019_30:0:2759:2047_1920x0_80_0_0_d4b9f486ad4d4c612ab575446db1b63f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, идм, рубл, додугирифт, савдои хориҷӣ, ҳаҷми муомилот
тоҷикистон, бонки миллӣ, идм, рубл, додугирифт, савдои хориҷӣ, ҳаҷми муомилот
Бонки миллӣ: Ҳиссаи рубл дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ ба 60% расид
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаҷми муомилоти доллар дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ва кишварҳои ИДМ то 36% коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳиссаи додугирифт бо рубли русӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар нимсолаи аввали соли равон то 60% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода хабар дод.
"Аз рӯи натиҷаҳои шаш моҳи соли равон ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ дар муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон то 60% афзоиш ёфта, ҳаҷми муомилоти доллар дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ то 36% коҳиш ёфт", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин тағйирот бино бар вазъи номуайянӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ, ки то ҳол вуҷуд дорад, ба вуҷуд омадааст.
Вай илова кард, ки тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон талош доранд, ин хавфҳоро коҳиш диҳанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаҷми пардохтҳо бо пули миллӣ дар ин давра ҳудуди 1% афзоиш ёфтааст.
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ва ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав аз тарафи кишварҳои ғарб, Русия додугирифташро бо шарикони тиҷоратӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бо пули миллӣ шурӯъ кард.