Эрон шартҳои аз сар гирифтани музокирот дар бораи барномаи ҳастаияшро эълон кард

Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи Ироқчӣ, гуфтушуниди мустақим бо Амрико, ки бо нақзи Оинномаи СММ ба истифода нерӯ таҳдид карданро идома медиҳад, маъное надорад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Эрон ба шарте, ки таҳримҳо алайҳаш лағв шавад, барои музокирот дар бораи барномаи ҳастаияш омода хоҳад буд.
Дар ин бора Хабаргузории "Меҳр" аз қавли вазири умури хориҷа Аббос Ироқчӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, Эрон қаблан бар асоси Барномаи муштараки иқдомоти ҳамаҷониба барои кафолати сулҳомези фаъолиятҳои ҳастаии худ як қатор иқдомоти ихтиёрӣ анҷом дода буд. Аммо, ИМА буд, ки якҷониба аз ин тавофуқ хориҷ шуд.
"Ҳоло бо ин таҷруба мо омода ҳастем, ки музокирот дар бораи барномаи ҳастаиро бар асоси тадобири эътимод дар ивази лағви таҳримҳои золимона алайҳи Эрон аз сар бигирем",- таъкид кардааст вай.
Ӯ қайд кард, ки гуфтушуниди бевосита бо Амрико, ки бо нақзи Оинномаи СММ ба истифода нерӯ таҳдид карданро идома медиҳад, маъное надорад.
Аммо, Ироқчӣ афзуд, ки Теҳрон мехоҳад гузинаи музокироти ғайримустақимро бо миёнаравҳо таҳия кунад.
Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар номае ба унвони раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ барои имзои созишномаи нави сулҳ дар мавриди энержии атомӣ муҳлати ду моҳро таъйин карда буд.
Флаг Ирана на фоне ракеты на военном параде в Тегеране, Иран, 10 января 2025 г - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2025
Нодирӣ: Эрон бояд қудрати ҳастаӣ дошта бошад
Баъдан дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки агар Вошингтон ва Теҳрон дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон ба созиш наоянд, Амрико бомбборони пурқудратро ба ҶИ анҷом хоҳад дод.
Дар навбати худ, Ироқчӣ дар охири моҳи март ба Трамп дар бораи музокирот дар бораи барномаи ҳастаии Эрон посух дод, ки дар он мавқеъи Теҳронро тасдиқ кард.
Раҳбари Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки номаи Трамп дорои "мавқеи таҳдидомезтар" аст, аммо ба гуфтаи ӯ, он барои Эрон "баъзе имконот" низ боз кардааст.
Дар авоили моҳи апрел портали Axios бо такя ба манобеъ хабар дод, ки маъмурияти Трамп пешниҳоди ҷониби Эронро дар бораи баргузории музокирот тавассути миёнаравҳо дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0