Хоманаӣ: агар ИМА кӯшиши зарба задан ба Эронро кунад, ҷавоби сахт мегирад

© AP / Office of the Iranian Supreme Leader Верховный лидер Ирана Али Хаменеи
Верховный лидер Ирана Али Хаменеи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Обуна шудан
Раҳбари Олии Эрон эҳтимоли зарбаи берунии Амрикоро кам номид, вале гуфт дар сурати зарба задан ИМА - ро посухи қатъӣ интизор аст
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Эҳтимоли он, ки Вашингтон ба Эрон аз берун зарба занад, кам аст, агар зарба зада шавад, ҷавоби сахт мегирад.
Дар ин бора роҳбари Олии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ дар суханронии худ ба муносибати анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва фарорасии Иди Фитр баён дошт.
Дар идома ӯ гуфт, агар ИМА тасмим гиранд, ки дар дохили кишвар нооромиҳоро ба вуҷуд оранд, худи мардуми Эрон ба онҳо ҷавоб медиҳанд.

"Онҳо (ИМА -идора) таҳдид мекунанд, ки ба Эрон зарар мерасонанд... Аз эҳтимол дур нест, ки бадӣ аз берун содир шавад, аммо агар он содир шавад, онҳо ҳатман зарбаи сахт мегиранд... Ва агар онҳо фикр кунанд, ки дар дохили кишвар нооромиҳо ба вуҷуд оранд... худи мардуми Эрон ба онҳо ҷавоб хоҳад дод", - гуфт Хоманаӣ.

Қаблан президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC News таҳдид карда буд, ки агар Эрон созишномаро ба имзо нарасонанд, "бомбаборони беназир" хоҳад шуд.
Хоманаӣ пешниҳоди Трампро рад кард
Дар робита, кишвардори Эрон Масъуд Пизишкиён изҳор дошт, ки Теҳрон дар номаи ҷавобӣ ба Трамп гуфтушунидҳои мустақим бо Вашингтонро дар бораи барномаи ҳастаӣ рад кард, равзанаи гуфтушунидҳо танҳо бо миёнаравии кишварҳои сеюм кушода аст.
Дар аввали моҳи март Трамп хабар дод, ки ба раҳбари олии Эрон номае фиристодааст, ки дар он ӯ гуфтааст, ки мехоҳад бо Теҳрон дар масъалаи барномаи ҳастаӣ созишнома бандад.
Избранный президент Дональд Трамп выступает на встрече с делегацией Республиканской партии в Палате представителей 13 ноября 2024 года в Вашингтоне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2025
Трамп гуфт, ки дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ фалокатбор хоҳад буд
Баъдтар президенти Амрико қайд кард, ки Вашингтон ду роҳи имконпазири ҳалли масъалаи ҳастаии Эронро баррасӣ мекунад: низомӣ е дипломатӣ ва таъкид кард, ки ӯ музокиротро афзалтар медонад.
Лентаи хабарҳо
0