https://sputnik.tj/20250405/istiqboli-zohir-aghbar-az-casa1000-1066872508.html
Истиқболи Зоҳир Ағбар аз CASA–1000
Истиқболи Зоҳир Ағбар аз CASA–1000
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз пешравиҳои тарҳи минтақаии CASA – 1000 истиқбол кард
2025-04-05T16:16+0500
2025-04-05T16:16+0500
2025-04-05T16:16+0500
дар тоҷикистон
casa-1000
афғонистон
сафир
энергетика
барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042137481_0:202:2125:1397_1920x0_80_0_0_41acb26405bc593cf9455093c0722b26.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Аммо афзойиши ноамниҳо дар пайи шуруъ марҳалаи иҷрои ин тарҳ дар қаламрави Афғонистонро аз эҳтимол дур надонист.Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз пешравии тамоми тарҳҳое, ки марбут ба Афғонистон, рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагӣ дар ин кишвар ҳастанд, истиқбол мекунад.Тарҳи хатти интиқоли барқи “Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ”, ё CASA–1000, ки соли 2016 шуруъ ба иҷро кард, қарор аст 1300 МВт ё 5 миллиард кВт/соат барқро солона аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад.31 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон, дар як маросими хос санади ниҳоии хатти интиқоли барқи 500 киловолти Датка- Суғдро, ки дар қолаби тарҳи CASA–1000 сохта шудааст, имзо карданд ва ин маънои ниҳоӣ шудани қисмати тарҳ дар ин ду кишварро дорад.Дар Афғонистон, ки эҳдоси он соли 2020 шуруъ шуда буд, бино ба иттилоъи вазорати энерживу оби Толибон, дар ҳоли ҳозир беш аз 70%-и пружа такмил шудааст ва мунтазири сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ҳастанд.Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 соли ҷумҳурият Толибон барои иҷрои тарҳ бо куштани коргарону муҳандисон монеа эҷод мекарданд ва ҳоло низ чунин як нигарониҳо вуҷуд дорад.Хатти интиқоли барқи CASA–1000 қарор аст аз масири 1 387 километр аз Қирғизистон тариқи Тоҷикистону Афғонистон ба Покистон васл шавад. Аз ин масофа 457 километр марбути Тоҷикистону Қирғизистон мешавад, ки масири амн ба ҳисоб меравад, аммо бақияи масир аз қаламрави Афғонистону Покистон мегузарад, дуруст қаламраве, ки даҳҳо созмони террористӣ пойгоҳу фаъолият доранд.Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки Толибон бо кӯмаки қудратҳои минтақаӣ қодир ба таъмини амнияти ҳамчунин як пружаҳои бузурги иқтисодӣ ҳастанд, зеро дар кулл манофеъи бузурги стретегии онҳо инро тақозо мекунад.Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, як шеваи қобили зикри Толибон ин аст, ки онҳо иҷрои ҳамчунин пружаҳоро зиёд ташвиқу тарғиб намекунанд ва амалан бо иҷрои онҳо мухолифони минтақаиву фароминтақаиро пеши як воқеият қарор медиҳанд.“Ба гунаи мисол, тарҳи канали Қӯштеппа дар шимол, ки мушкили ғайриқобили тасаввурро барои Ӯзбекистону Туркманистон дар пай дорад, қариб дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Ё тарҳи эҳдоси хатти лӯлаи гази ТАПИ, ки қариб 40 сол ба ин сӯ як тарҳи ғайри қобили иҷро ба назар мерасид, низ пеш меравад ва тақрибан 50 километри он кашида шудааст”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.Ба қавли коршиносон, мусоид шудани фазо барои иҷрои ин тарҳҳо ба тағйири манофеъи геополитикии қудратҳои минтақаӣ рабт дорад, ки ниёз ба як Афғонистони ором доранд, то тариқи он тиҷорату интиқоли энержиро софу содда анҷом диҳанд. Аз ин хотир, дар ҳоли фароҳам шудани маблағгузорӣ иҷро шудани тарҳи CASA – 1000 низ дур аз воқеият нест.
https://sputnik.tj/20250331/rahmon-jabborov-sozish-marz-faolsozi-qismat-casa-1000-ro-ruydod-tarikh-1066782715.html
https://sputnik.tj/20250325/casa-1000-istgohi-konvertori-nohiyai-kushoniyon-1066711901.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042137481_32:0:2032:1500_1920x0_80_0_0_e3ec05d0ea7b79a0e654978c743299ce.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, истиқбол, зоҳир ағбар, casa–1000, энергетика, афғонистон
тоҷикистон, истиқбол, зоҳир ағбар, casa–1000, энергетика, афғонистон
Истиқболи Зоҳир Ағбар аз CASA–1000
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз пешравиҳои тарҳи минтақаии CASA–1000 истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Аммо афзойиши ноамниҳо дар пайи шуруъ марҳалаи иҷрои ин тарҳ дар қаламрави Афғонистонро аз эҳтимол дур надонист.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз пешравии тамоми тарҳҳое, ки марбут ба Афғонистон, рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагӣ дар ин кишвар ҳастанд, истиқбол мекунад.
“Ин пружаҳо марбут ба ягон гуруҳи сиёсӣ нест, марбут ба манофеъи миллии Афғонистон аст, ки ҳар ҳукумат муваззаф ба пиёда кардани он аст, чӣ Толибон бошад, чӣ ҷумҳурӣ ва чӣ мо”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Тарҳи хатти интиқоли барқи “Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ”, ё CASA–1000, ки соли 2016 шуруъ ба иҷро кард, қарор аст 1300 МВт ё 5 миллиард кВт/соат барқро солона аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад.
31 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон, дар як маросими хос санади ниҳоии хатти интиқоли барқи 500 киловолти Датка- Суғдро, ки дар қолаби тарҳи CASA–1000 сохта шудааст, имзо карданд ва ин маънои ниҳоӣ шудани қисмати тарҳ дар ин ду кишварро дорад.
Дар Афғонистон, ки эҳдоси он соли 2020 шуруъ шуда буд, бино ба иттилоъи вазорати энерживу оби Толибон, дар ҳоли ҳозир беш аз 70%-и пружа такмил шудааст ва мунтазири сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ ҳастанд.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар 20 соли ҷумҳурият Толибон барои иҷрои тарҳ бо куштани коргарону муҳандисон монеа эҷод мекарданд ва ҳоло низ чунин як нигарониҳо вуҷуд дорад.
“Иҷрои чунин тарҳҳо ниёз ба фазои ороми амниятӣ дорад, ки ба гумон аст, Толибон онро таъмин карда тавонанд, қабл аз ҳама ба хотири чандастагии ин гуруҳ ва ҳам манфиатхоҳии қудратҳое, ки аз судҳои ин тарҳ дар канор мемонанд”, - гуфт Муҳаммад Зоҳир Ағбар.
Хатти интиқоли барқи CASA–1000 қарор аст аз масири 1 387 километр аз Қирғизистон тариқи Тоҷикистону Афғонистон ба Покистон васл шавад. Аз ин масофа 457 километр марбути Тоҷикистону Қирғизистон мешавад, ки масири амн ба ҳисоб меравад, аммо бақияи масир аз қаламрави Афғонистону Покистон мегузарад, дуруст қаламраве, ки даҳҳо созмони террористӣ пойгоҳу фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар инанд, ки Толибон бо кӯмаки қудратҳои минтақаӣ қодир ба таъмини амнияти ҳамчунин як пружаҳои бузурги иқтисодӣ ҳастанд, зеро дар кулл манофеъи бузурги стретегии онҳо инро тақозо мекунад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, як шеваи қобили зикри Толибон ин аст, ки онҳо иҷрои ҳамчунин пружаҳоро зиёд ташвиқу тарғиб намекунанд ва амалан бо иҷрои онҳо мухолифони минтақаиву фароминтақаиро пеши як воқеият қарор медиҳанд.
“Ба гунаи мисол, тарҳи канали Қӯштеппа дар шимол, ки мушкили ғайриқобили тасаввурро барои Ӯзбекистону Туркманистон дар пай дорад, қариб дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст. Ё тарҳи эҳдоси хатти лӯлаи гази ТАПИ, ки қариб 40 сол ба ин сӯ як тарҳи ғайри қобили иҷро ба назар мерасид, низ пеш меравад ва тақрибан 50 километри он кашида шудааст”, - гуфт Нуруллоҳ Ҳусейнов.
Ба қавли коршиносон, мусоид шудани фазо барои иҷрои ин тарҳҳо ба тағйири манофеъи геополитикии қудратҳои минтақаӣ рабт дорад, ки ниёз ба як Афғонистони ором доранд, то тариқи он тиҷорату интиқоли энержиро софу содда анҷом диҳанд. Аз ин хотир, дар ҳоли фароҳам шудани маблағгузорӣ иҷро шудани тарҳи CASA – 1000 низ дур аз воқеият нест.