https://sputnik.tj/20250331/rahmon-jabborov-sozish-marz-faolsozi-qismat-casa-1000-ro-ruydod-tarikh-1066782715.html
Раҳмону Ҷабборов созиши марзию фаъолсозии қисмати CASA - 1000-ро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд
Раҳмону Ҷабборов созиши марзию фаъолсозии қисмати CASA - 1000-ро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд
Sputnik Тоҷикистон
Сарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро ба мақсад мувофиқ донистанд
2025-03-31T11:44+0500
2025-03-31T11:44+0500
2025-03-31T13:22+0500
содир ҷабборов
эмомалӣ раҳмон
таъини хутути марз
нишасти сарони се кишвар дар хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1f/1066784345_0:15:2048:1167_1920x0_80_0_0_00813c7b46f433d7638a3e5c21ac2830.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар чаҳорчӯби сафари кории раисҷумҳури Қирғизистон ба Хуҷанд гуфтугӯи хоса доир карданд.Сарони кишварҳо ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд.Инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – "Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ" ва "Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард" мубодила шуд.Баъди табодули протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо раҳбарони кишварҳо ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.Ҳарду роҳбар имзои Протокол дар бораи табодули тасдиқномаҳои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи "Датка-Хуҷанд"-и лоиҳаи КАСА-1000 байни кишварҳоро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд.Мирзиёев ва Ҷабборов вориди Хуҷанд шудандСарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол мутобиқ ба иқтидори мавҷудаи ду кишвар ба мақсад мувофиқ донистанд.Дар робита ба ин, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, аз ҷумла марказҳои нақлиётӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ бо мақсади тавсеаи имконоти пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид. Ҳамчунин бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва сода гардонидани расмиёти убури сарҳад, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, обу энергетика ва кишоварзӣ, инчунин дар бахши кооператсияи саноатӣ муҳим дониста шуд.Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба таҳкими равобити фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1f/1066784345_133:0:1953:1365_1920x0_80_0_0_070a0d8c7c851eb9389de474f63a9ca2.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷапаров раҳмон суҳбат хатт барқи датка-суғд кор
ҷапаров раҳмон суҳбат хатт барқи датка-суғд кор
Раҳмону Ҷабборов созиши марзию фаъолсозии қисмати CASA - 1000-ро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд
11:44 31.03.2025 (Навсозишуда: 13:22 31.03.2025) Сарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро ба мақсад мувофиқ донистанд
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар чаҳорчӯби сафари кории раисҷумҳури Қирғизистон ба Хуҷанд гуфтугӯи хоса доир карданд.
Сарони кишварҳо ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ карданд.
Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо маросими имзои санади таърихӣ - Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд.
Инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – "Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ" ва "Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард" мубодила шуд.
Баъди табодули протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳо раҳбарони кишварҳо ба таври фосилавӣ хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”-ро, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ҳарду роҳбар имзои Протокол дар бораи табодули тасдиқномаҳои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва ифтитоҳи хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи "Датка-Хуҷанд"-и лоиҳаи КАСА-1000 байни кишварҳоро рӯйдодҳои таърихӣ хонданд.
Сарони давлатҳо таҳкими муколамаи сиёсии дуҷониба дар ҳама сатҳҳо ва такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо таваҷҷуҳ ба афзун намудани ҳаҷми гардиши мол мутобиқ ба иқтидори мавҷудаи ду кишвар ба мақсад мувофиқ донистанд.
Дар робита ба ин, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ, аз ҷумла марказҳои нақлиётӣ ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ бо мақсади тавсеаи имконоти пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва сода гардонидани расмиёти убури сарҳад, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ, обу энергетика ва кишоварзӣ, инчунин дар бахши кооператсияи саноатӣ муҳим дониста шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба таҳкими равобити фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.