https://sputnik.tj/20250325/casa-1000-istgohi-konvertori-nohiyai-kushoniyon-1066711901.html
Лоиҳаи "CASA-1000": Анҷоми истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 МВт дар ноҳияи Кӯшониён
Лоиҳаи "CASA-1000": Анҷоми истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 МВт дар ноҳияи Кӯшониён
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи "CASA-1000" дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ аҷом ёфт
2025-03-25T16:39+0500
2025-03-25T16:39+0500
2025-03-25T16:39+0500
дар тоҷикистон
энергетика
casa-1000
лоиҳа
барқ
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1b/1064497707_0:107:2047:1258_1920x0_80_0_0_4f40ff917222d8aa8949a24ea3b351f2.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи "CASA-1000" дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид.Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур дар масоҳати 43 гектар доман густурда, таҷҳизоти асосии он дар 25 гектар ҷойгир карда шудааст.Қайд карда шудааст, ки лоиҳаи "CASA-1000" аввалин ташаббуси бузурги энергетикӣ мебошад, ки ду минтақаи муҳим — Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад.Илова бар ин ба иттило вазоарти энергетика, лоиҳа на танҳо ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки барои таъмини устувории низоми барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ нақши муҳим мебозад.Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зикр кардааст, ки татбиқи Лоиҳаи "CASA-1000" далели равшани саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди "сабз" ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири энеркетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфта буд, ки лоиҳаи CASA-1000 соли 2027 ба кор хоҳад даромад.Ба гуфтаи вай, ҳоло корҳои сохтмонии лоиҳа дар қисмати Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик хатҳои интиқоли барқ вобаста ба пуружа миёни кишварҳо пайваст хоҳад шуд.“Корҳои сохтмонӣ дар Покистон ҳам дар сатҳи баланд давом дорад ва дар назар аст, ки дар ин қисмат то нимаи соли ҷорӣ поён ёбад”, афзуд Далер Ҷумъа.Мушкили асосӣ ба гуфтаи вазир, манъи маблағгузорӣҳо аз ҷониби шарикони рушд дар қисмати Афғонистон буд, ки хушбахтона дар пайи гуфтушунидҳои тӯлонӣ вобаста ба зарурияти тарҳ аз сар гирифта шуд.“Корҳои сохтмонӣ дар ин қисмат дар назар аст, ки соли 2026 анҷом ёбад”,- қайд кард вазири тоҷик.
https://sputnik.tj/20250306/tolibon-pruzha-casa-afghoniston-takmil-shudaast-1066470623.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/1b/1064497707_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_35203705554c5439eabe8a4ed6729282.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, лоиҳа, "casa-1000", истгоҳи конверторӣ, кӯшониён , барқ
тоҷикистон, энергетика, лоиҳа, "casa-1000", истгоҳи конверторӣ, кӯшониён , барқ
Лоиҳаи "CASA-1000": Анҷоми истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 МВт дар ноҳияи Кӯшониён
Дар доираи Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи "CASA-1000" дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ аҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи Лоиҳаи минтақавии хатти интиқоли барқи "CASA-1000" дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ бо иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид.
Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур дар масоҳати 43 гектар доман густурда, таҷҳизоти асосии он дар 25 гектар ҷойгир карда шудааст.
“Истгоҳ аз марҳилаи санҷиши техникӣ бо муваффақият гузашт”, - қайд кардааст вазорат.
Қайд карда шудааст, ки лоиҳаи "CASA-1000" аввалин ташаббуси бузурги энергетикӣ мебошад, ки ду минтақаи муҳим — Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро ба ҳам мепайвандад.
Илова бар ин ба иттило вазоарти энергетика, лоиҳа на танҳо ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки барои таъмини устувории низоми барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ нақши муҳим мебозад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон зикр кардааст, ки татбиқи Лоиҳаи "CASA-1000" далели равшани саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди "сабз" ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири энеркетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфта буд, ки лоиҳаи CASA-1000 соли 2027 ба кор хоҳад даромад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло корҳои сохтмонии лоиҳа дар қисмати Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра ба анҷом расида, рӯзҳои наздик хатҳои интиқоли барқ вобаста ба пуружа миёни кишварҳо пайваст хоҳад шуд.
“Корҳои сохтмонӣ дар Покистон ҳам дар сатҳи баланд давом дорад ва дар назар аст, ки дар ин қисмат то нимаи соли ҷорӣ поён ёбад”, афзуд Далер Ҷумъа.
Мушкили асосӣ ба гуфтаи вазир, манъи маблағгузорӣҳо аз ҷониби шарикони рушд дар қисмати Афғонистон буд, ки хушбахтона дар пайи гуфтушунидҳои тӯлонӣ вобаста ба зарурияти тарҳ аз сар гирифта шуд.
“Корҳои сохтмонӣ дар ин қисмат дар назар аст, ки соли 2026 анҷом ёбад”,- қайд кард вазири тоҷик.