Боҷҳои ИМА ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасоанд?

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Трамп объявил о введении пошлин на продукцию других стран
Президент США Трамп объявил о введении пошлин на продукцию других стран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2025
Обуна шудан
Мутахассиси Бонки АвруОсиёии Рушд боҷҳои ҷорикардаи ИМА ва ҳаҷми савдо бо кишварҳои Осиёи Марказиро таҳлил кардааст
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Боҷҳои нави ИМА ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири кам хоҳанд дошт.
Дар ин бора дар гузориши таҳлилии Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) шарҳ дода шудааст.
Тавре дар ин гузориш гуфта шудааст, Амрико сиёсати ҳимоятгароии худро пурзур мекунад: боҷи асосии барои воридот ҳоло нисбати аксарияти кишварҳо 10%-ро ташкил медихад, барои бештар аз 60 кишвар меъёри баландтар ҷорӣ карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, бузургтарин тағйирот, ки ба иқтисодиёти Осиё таъсир мерасонад: барои Чин, боҷи умумӣ 54% хоҳад буд.
Дар баробари ин, таъсир ба иқтисодиёти кишварҳои узви БАОР хеле кам аст, қайд кард бонк.
Боҷи бештра дар минтақа ба Қазоқистон -27% ҷорӣ шуд, аммо ба ИМА ҳамагӣ 3% тиҷорати хориҷии ин кишвар рост меояд.
Президент США Трамп объявил о введении пошлин на продукцию других стран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2025
Амрико барои колоҳои Тоҷикистон боҷ ҷорӣ мекунад
Дар хусуси Точикистон бошад, барои чумхурӣ 10% боҷ мукаррар шудааст. Аммо ҳиссаи ИМА дар савдои ҷумҳурӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, таъсир кам хоҳад буд, гуфта мешавад дар гузориш.
Чунин вазъият дар Қирғизистон низ мушоҳида мешавад - сатҳи боҷҳо низ 10% аст ва ҳиссаи ИМА дар савдои ҷумҳурӣ 3,9% ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, БАОР қайд мекунад, ки ҳатто бо таъсири паст, имкон дорад таъсири ғайримустақим расонида шавад.
заифшавии иқтисоди ҷаҳонӣ боиси кам шудани талабот ба ашёи хом мегардад, ки метавонад ба даромади кишварҳои содиркунандаи энержӣ ва воридшавии сармоягузорӣ таъсири манфӣ расонад;
асъори кишварҳои минтақа дар шароити афзоиши хатарҳои иқтисодии берунӣ таҳти фишор қарор мегиранд;
дар ҷаҳон имкон дорад ба сабаби коҳиши фаъолияти соҳибкорӣ ноустувории нархи нафт ба вуҷуд биояд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи ҷорӣ кардани боҷи "муқобила" барои кишварҳои дигар хабар дод. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат буд.
Нисбати бархе аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон боҷи ҳадди ақал дар ҳудуди 10% муқаррар карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0