Амрико барои колоҳои Тоҷикистон боҷ ҷорӣ мекунад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Трамп объявил о введении пошлин на продукцию других стран
Президент США Трамп объявил о введении пошлин на продукцию других стран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон низ дар феҳристи кишварҳое буд, ки раисиҷумҳури Амрико алайҳи онҳо боҷ эълон кард
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои колоҳои воридотӣ боҷи гумрукӣ ҷорӣ кард.
Дар ин бора раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти матбуотӣ дар Кохи сафед хабар дод.
Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхат, ба маҳсулоти 185 кишвари ҷаҳон боҷ аз рӯи принсипи мутақобила ҷорӣ карда мешавад.
Меъёри асосӣ 10% аст, аммо барои як қатор кишварҳо меъёрҳои баландтар муқаррар карда шудаанд.
Зимнан, алайҳи колоҳо аз Тоҷикистон низ боҷи 10% -и гумрукӣ ҷорӣ шуд.
Илова бар ин, барои чанд кишвари ИДМ – Узбакистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон боҷи 10% ҷорӣ шудааст.
Флаг агентства США по международному развитию (USAID) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2025
"Он бояд бимирад": Бастани USAID барои Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
Меъёр барои Қазоқистон 27% муқаррар шудааст. Боҷ барои Чин 34%, Иттиҳоди Аврупо 20%, Швейтсария 31%, Британияи Кабир 10% ва Исроил 17% хоҳад буд.
Баъзе аз тарифҳои баландтарин ба Ветнам (46%), Камбоҷа (49%) ва Лаос (48%) ҷорӣ карда шудаанд.
Русия ва Беларус дар ин рӯйхат нестанд. Мексика ва Канада низ ба ин феҳрист шомил нестанд, ки Трамп дар оғози давраи раёсаташ алайҳи онҳо сахттарин таҳримҳоро ваъда дода буд.
Дар ҳамин ҳол, Украина бо боҷи 10% ба ин рӯйхат шомил шудааст. Президенти ИМА Доналд Трамп дар робита ба номутавозунии тиҷорат вазъияти изтирории миллӣ эълон кард.
Бино ба изҳороти Кохи сафед, раҳбари Амрико гуфтааст, ки сиёсати тиҷорати хориҷӣ ва иқтисодии кишвар боиси вазъи изтирории миллӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0