https://sputnik.tj/20250402/tojikiston-imsol-kudak-sinfi-yakum-1066821534.html
Дар Тоҷикистон имсол тахминан 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад
Дар Тоҷикистон имсол тахминан 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорат маориф мегӯяд, ин омор ҳоло дақиқ нест, шояд тағйир ёбад, вале 97-98% омори зикршуда дуруст мебарояд
2025-04-02T12:03+0500
2025-04-02T12:03+0500
2025-04-02T13:38+0500
дар тоҷикистон
маориф
вазорати маорифу илми тоҷикистон
хонандагони синфи 1-ум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064156609_0:107:1280:827_1920x0_80_0_0_25408ae5428d4ca729d72c08ce507892.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Маълум шуд, ки соли нави хониш макотиби Тоҷикистон тахминан 250 000 хонандаро ба синфи як қабул мекунад.Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.Мавзуф зикр намуд, ки шояд ин омор тағйир ёбад, зеро ниҳоди онҳо феълан маълумоти дақиқро дар даст надорад.Ба гуфтаи ӯ, ҳастанд омилҳое, ки омори аввали соли хонишро дар давоми сол тағйир медиҳанд. Ӯ аз ҷумла баргаштани фарзандони муҳоҷирон аз Федератсияи Русияро мисол овард ва гуфт "мусаллам аст, ки бо қабул шудани хонандагони нав омор дигар мешавад".Ҳамчунин таъкид кард, омилҳое низ ҳастанд, ки баръакс ин рақамро коҳиш медиҳанд.Дар идома, сухангӯи Вазорати маориф шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро низ зикр намуд, ки имсол донишгоҳро хатм мекунанд.Ба гуфтаи ӯ, тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол 40 000 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳҳоро хатм мекунанд.Қайд гардид, ҳарчанд ин оморҳо ҳоло тахминиянд, вале дар 97-98% эҳтимолияти дуруст баромаданро доранд.
https://sputnik.tj/20250318/maktabbachagon-tatili-bahori-tojikiston-istirohat-1066627465.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/01/1064156609_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_e74e1e84c7996584ef52292a8bd113df.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон маориф синфи як вазорати маориф
тоҷикистон маориф синфи як вазорати маориф
Дар Тоҷикистон имсол тахминан 250 ҳазор кӯдак ба синфи якум меравад
12:03 02.04.2025 (Навсозишуда: 13:38 02.04.2025) Эксклюзив
Вазорат маориф мегӯяд, ин омор ҳоло дақиқ нест, шояд тағйир ёбад, вале 97-98% омори зикршуда дуруст мебарояд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Маълум шуд, ки соли нави хониш макотиби Тоҷикистон тахминан 250 000 хонандаро ба синфи як қабул мекунад.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
"Ба ҳисоби миёна соли равон зиёда аз 250 ҳазор хонанда ба синфи якум қабул мешаванд", - тавзеҳ дод сухангӯи Вазорати маориф.
Мавзуф зикр намуд, ки шояд ин омор тағйир ёбад, зеро ниҳоди онҳо феълан маълумоти дақиқро дар даст надорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳастанд омилҳое, ки омори аввали соли хонишро дар давоми сол тағйир медиҳанд. Ӯ аз ҷумла баргаштани фарзандони муҳоҷирон аз Федератсияи Русияро мисол овард ва гуфт "мусаллам аст, ки бо қабул шудани хонандагони нав омор дигар мешавад".
Ҳамчунин таъкид кард, омилҳое низ ҳастанд, ки баръакс ин рақамро коҳиш медиҳанд.
Дар идома, сухангӯи Вазорати маориф шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро низ зикр намуд, ки имсол донишгоҳро хатм мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи ҳисобҳои пешакӣ имсол 40 000 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳҳоро хатм мекунанд.
Қайд гардид, ҳарчанд ин оморҳо ҳоло тахминиянд, вале дар 97-98% эҳтимолияти дуруст баромаданро доранд.