Мактаббачагон таътили баҳориро интизоранд: Дар Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат аст?

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевДетский фестиваль в Пяндже
Детский фестиваль в Пяндже - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Обуна шудан
Таътили баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон ба таври анъанавӣ ба ҷашни Наврӯз рост меояд, имсол кӯдакон метавонанд 10 рӯз истироҳат кунанд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ба наздикӣ толибилмон дар Тоҷикистон пас аз як давраи тӯлонии ба таҳсил мераванд.
Ҳамин тавр, ҳафтаи оянда мактаббачагон дар Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ фиристода мешаванд.
Дар ҳамаи мактабҳо чоряки сеюм ба охир мерасад. Хонандагони синфҳои 1—11 зиёда аз як хафта — аз 21 то 30 март истироҳат хоҳанд кард.
Тибқи иттилои Вазорати маориф, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 25 то 29 март расман таътили 5-рӯза муқаррар шудааст.
© SputnikТақвими таътили моҳи март дар Тоҷикистон
Тақвими таътили моҳи март дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Тақвими таътили моҳи март дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз рӯзи 21-ум оғоз мешавад, ки ба ифтихори он то 30-уми март рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Ба ин муносибат таътили мактаббачагон 10 руз давом мекунад.
Донишҷӯён бошад, аз 21 то 26 март таътил хоҳанд дошт.
Лентаи хабарҳо
0