Тасмаи бехатариро бандед: БДА дар Душанбе даст ба рейду санҷишҳо мешавад

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2025
Обуна шудан
Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳадаф аз рейду чанҷишҳо ин коҳиш додани оқибатҳои вазнгини ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мебошад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Дар Душанбе давоми 10 рӯз амалиёти "Тасмаи бехатарӣ муҳофизи Шумост" баргузор мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.
Раёсат ҳадаф аз баргузор кардани амалиёти мазкурро коҳиши сатҳи вазнинии оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ арзёбӣ кард.
Манбаъ зикр намуд, ки таҳлили садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид ронандагону мусофирон аз тасмаи бехатарӣ истифода намекунанд, ки дар натиҷа бо оқибатҳои вазнин анҷом меёбад.
Дар ҳамин, бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе (БДА) рейду санҷишҳоро барои ошкор кардани ронандагону мусофирони "бепарво" оғоз мекунад.
РВКД аз ронандагону мусофирон дархост намуд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя кунанд ва пеш аз ҳама бехатарии худро таъмин кунанд.
Ёдовар мешавем, соли 2024 дар Тоҷикистон 6 698 садамаҳои нақлиётӣ рух додааст.
Последствия дтп на автотрассе Душанбе – Худжанд – Чанак. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Дар садамаҳои нақлиётии кишвар дар як сол 26 кӯдак ҷони худро аз даст додааст
Ин оморро вазири тандурустии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти хабарӣ ироа намуда, гуфт, аз 6698 садамаҳои нақлиёӣ, 1754 садама бо иштироки кӯдакон сурат гирифтааст.
Вазир илова намуд, ки бар асари садамаҳо 150 нафар, аз ҷумла 26 кӯдак ҷон бохтанд ва . 3004 нафар бистарии беморхонаҳо шуданд.
Лентаи хабарҳо
0