Дар садамаҳои нақлиётии кишвар дар як сол 26 кӯдак ҷони худро аз даст додааст

© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаПоследствия дтп на автотрассе Душанбе – Худжанд – Чанак. Архивное фото
Последствия дтп на автотрассе Душанбе – Худжанд – Чанак. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазорати тандурустии кишвар дар ҳудуди Тоҷикистон дар як сол 6698 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар он 150 нафар кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Садамаи нақлиётӣ ба як мушкили муҳими Тоҷикистон мубаддал гаштааст, гуфт вазири тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, дар соли 2024 дар Тоҷикистон 6698 садамаҳои нақлиётӣ рух додааст.
“Аз ҳамин 6698 садамаҳои нақлиёӣ, 1754 садама бо иштироки кӯдакон сурат гирифтааст. 3004 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистарӣ шудданд”, - қайд кард оқои Абдуллозода.
Вай илова кард, ки дар садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди кишвар дар соли гузашта 150 нафар, аз ҷумла 26 кӯдак кушта шудааст.
Вазорат хабар додааст, ки дар ояндаи наздик мехоҳад сабабҳои садамаҳоро таҳқиқ кунад, то тавонад сатҳи садамаҳои нақлиётӣ ва маргу осеб дидани сокинонро кам кунад.
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
Қоида вайрон накун имтиёз гир: Вазорат паёмадҳои бе суғурта ронданро шарҳ дод
Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода хабар дод дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2023 - 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
“Сабабҳои зерин ба садамаҳо боис шудаанд: баланд кардани суръати ҳаракат - 58,6%, баромадан ба хатти муқобили ҳаракат дар роҳ - 25%, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ - 10% ва дигар навъҳои қоидавайронкунӣ, аз ҷумла дар ҳолати мастӣ аз машрубот рондани мошин - 7%”, - иброз дошт муовини вазир.
Лентаи хабарҳо
0