https://sputnik.tj/20250402/nakhustin-gimnaziyai-rusii-khujand-khotirai-qahramononi-khudro-pos-medorad-1066830807.html
Нахустин гимназияи русии Хуҷанд хотираи қаҳрамонони худро пос медорад
Нахустин гимназияи русии Хуҷанд хотираи қаҳрамонони худро пос медорад
Sputnik Тоҷикистон
Соли 1941 дастпарварони гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалил (собиқ ба номи М. Беҳбудӣ ва А. С. Пушкин)-и шаҳри Хуҷанд ба фронт рафтанд
2025-04-02T17:46+0500
2025-04-02T17:46+0500
2025-04-02T17:46+0500
видео
хуҷанд
ҷбв
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/02/1066830632_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_27d201d4e0213a2d2058a17fe42824b2.jpg.webp
На ҳама аз майдони ҷанг баргаштанд: чор нафар ҷавон - Антонов, Степнитский, Овчинников ва Давидов дар солҳои ҷанг ҳалок гардиданд.Боқимондаҳо зинда монданд ва дар Берлин Ғалабаро пешвоз гирифтанд. Ба нақли омӯзгори фанни таърихи гимназияи № 1 ба номи Ҷалил дар шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳалимов аз ҷумлаи хатмкунандагони гимназия зиёда аз 41 нафар, ки синну солашон ба даъват мувофиқат мекард, ихтиёран бо аризаи шахсӣ ба фронт рафта, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд. Зимнан, пас аз анҷоми ҷанг онҳо ба зодгоҳи худ - шаҳри Хуҷанд баргаштанд ва ба ҳайси омӯзгор дар мактаб кор мекарданд.Баъди ба охир расидани Чанги Бузурги Ватанй онхо ба зодгохашон — Хучанд, Ленинобод баргашта, дар мактаби мо муаллимй кор карданд.Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ як ҷумҳурии алоҳида буд, аммо дар ҳайати иттифоқ буд ва ин ҷанг барои мо низ ҷанги дохилӣ ҳисобида мешуд, афзуд муаллим. Аз Тоҷикистон то Берлин тавассути Донбасс: "Генерали тоҷик" Чудесов кӣ буд?"Зеро он замон барои мо Ватан як буд. Як Ватан, як пойтахт ва як пешво доштем", - таъкид кард ӯ. Ба гуфтаи директори Гимназияи рақами №1 ба номи Р.Ҷалили шаҳри Хуҷанд Манзура Муинзода, имрӯз дар осорхонаи мактаб дар бораи тамоми марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чӣ қадар нафар аз вилояти Суғд ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон дар он иштирок кардаанд, маълумоти мӯътамад пайдо кардан мумкин аст. Чӣ гуна мактаб хотири қаҳрамонони худро ҳифз мекунад – дар навори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/02/1066830632_215:0:1655:1080_1920x0_80_0_0_b120b6cfb152397f0aad331b5e49169e.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд гимназия ҷбв
Нахустин гимназияи русии Хуҷанд хотираи қаҳрамонони худро пос медорад
Соли 1941 дастпарварони гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалил (собиқ ба номи М. Беҳбудӣ ва А. С. Пушкин)-и шаҳри Хуҷанд ба фронт рафтанд
На ҳама аз майдони ҷанг баргаштанд: чор нафар ҷавон - Антонов, Степнитский, Овчинников ва Давидов дар солҳои ҷанг ҳалок гардиданд.
Боқимондаҳо зинда монданд ва дар Берлин Ғалабаро пешвоз гирифтанд.
Ба нақли омӯзгори фанни таърихи гимназияи № 1 ба номи Ҷалил дар шаҳри Хуҷанд Абдуваҳҳоб Ҳалимов аз ҷумлаи хатмкунандагони гимназия зиёда аз 41 нафар, ки синну солашон ба даъват мувофиқат мекард, ихтиёран бо аризаи шахсӣ ба фронт рафта, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуданд.
"Чор нафари онхо Антонов, Степнитский, Овчинников ва Давидов дар солҳои вазнинтарини ҷанги соли 1942 ҳалок шуданд. Боқимондаҳо зинда монданд ва ғалабаро дар Берлин қайд карданд, - афзуд ӯ.
Зимнан, пас аз анҷоми ҷанг онҳо ба зодгоҳи худ - шаҳри Хуҷанд баргаштанд ва ба ҳайси омӯзгор дар мактаб кор мекарданд.
Баъди ба охир расидани Чанги Бузурги Ватанй онхо ба зодгохашон — Хучанд, Ленинобод баргашта, дар мактаби мо муаллимй кор карданд.
Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ як ҷумҳурии алоҳида буд, аммо дар ҳайати иттифоқ буд ва ин ҷанг барои мо низ ҷанги дохилӣ ҳисобида мешуд, афзуд муаллим.
"Зеро он замон барои мо Ватан як буд. Як Ватан, як пойтахт ва як пешво доштем", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи директори Гимназияи рақами №1 ба номи Р.Ҷалили шаҳри Хуҷанд Манзура Муинзода, имрӯз дар осорхонаи мактаб дар бораи тамоми марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, чӣ қадар нафар аз вилояти Суғд ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон дар он иштирок кардаанд, маълумоти мӯътамад пайдо кардан мумкин аст.
Чӣ гуна мактаб хотири қаҳрамонони худро ҳифз мекунад – дар навори Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.