Бозорҳои нав ва брендҳои нав: тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон имрӯз чӣ гуна аст

© Sputnik / Владимир ТрефиловМужчина выбирает овощи в магазине в Москве.
Мужчина выбирает овощи в магазине в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳар ду кишвар дар самти тиҷорат тадриҷан аз миқдор ба сифат мегузаранд ва ба ҷои ашёи хом маҳсулоти тайёр ва серталаб содирот мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон давоми чанд сол аст, ки ҳаҷми муомилоти молии худро пайваста афзоиш дода, тақрибан ҳар сол нишондиҳандаҳои рекордиро нав мекунанд. Чунончӣ, то аввали соли 2024 он ба 1,7 миллиард доллар расид, ки ин баландтарин нишондод дар тамоми давраи муносибатҳои тиҷоратии байни кишварҳо мебошад.
Таҳримҳои зидди Русия ба ин шарикӣ такони иловагӣ бахшида, бисёре аз ширкатҳои русиро барои ворид шудан ба бозорҳои хориҷӣ таҳрик доданд ва барои соҳибкорони тоҷик низ самтҳои нави тиҷоратро боз карданд.
Айни замон тиҷорати Русияву Тоҷикистон чӣ гуна аст, равиши нав дар эҷоди бренд чӣ гуна бояд ба эътирофи молҳои Федератсияи Русия мусоидат кунад ва сохторҳои тиҷоратии Русия ба истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагони тоҷик чӣ гуна кумак мекунанд, дар ин бора Sputnik Тоҷикистон аз Зарифҷон Ризоев, раиси намояндагии Маркази содиротии Русия дар ҷумҳурӣ пурсон шуд.
- Аз соли 2022 марҳилаи вуруди фаъоли ширкатҳои русӣ ба бозори Тоҷикистон оғоз шуд. Холо дар ҷумҳурӣ чанд корхонаи Федератсияи Русия кор мекунад ва натиҷаҳои фаъолияти онҳо чӣ гуна аст?
- Ҳақиқатан, аз соли 2022 фаъолияти ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар ҳудуди 330 корхона бо сармояи Русия фаъолият мекунанд. Бисёрии онҳо муддати дароз бомуваффақият кор карда, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири калон мерасонанд.
Масалан, ширкати мухобиротии “МегаФон Тоҷикистон” яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ дар кишвар аст ва ҳамчунин “Газпромнефт” бошад, содиркунандаи аслии маҳсулоти нафтӣ мебошад ва ҳам шабакаи бузурги нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба ин ширкат таалуқ дорад. Дар ҷумҳурӣ шабакаи ташхисгоҳҳои ширкатҳои тиббии Русия амал мекунанд, ки ба шаҳрвандон хидматҳои босифат ва саривақтии ташхисиро мерасонад.
Работа морского торгового порта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2025
Тоҷикистон ба феҳристи 7 кишварҳое дохил шуд, ки тиҷораташ бо Русия афзоиш ёфтааст
Дар мавриди натоиҷи воқеии умумӣ, ҳаҷми умумии сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Илова бар ин, Русия яке аз шарикони пешрафтаи тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, беш аз 20 дарсади гардиши молии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ба ин тартиб, ширкатҳои русӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, ҷорӣ кардани фанновариҳои нав ва таҳкими равобити иқтисодии дуҷониба саҳмгузоранд.
- Кӣ ва чӣ тавр ба тиҷорати Русия кӯмак мерасонад?
- Дар Тоҷикистон ширкатҳои русӣ тавассути чанд механизм ва созмонҳое, ки ба соҳибкорон барои мутобиқ шудан ба шароити маҳаллӣ ва пайдо кардани шарикон ва бозорҳо кумак мекунанд, дастгирӣ мегарданд.
Дар байни муассисаҳои асосӣ инҳоро метавон номбар кард: Маркази содиротии Русия, ки дар дастгирии ширкатҳои русӣ дар бозорҳои хориҷӣ нақши калидӣ дорад. Махсусан дар Тоҷикистон, он барои дарёфти шарикон ва муштариён, инчунин кумаки молӣ дар шакли субсидия ва суғуртаи амалиёти содиротӣ мусоидат мекунад.
Бар асоси натоиҷи кор соли 2024 дар Тоҷикистон 311 нафар иштирокчиёни тиҷорат аз ҷониби Гурӯҳи Маркази содиротии Русия ба маблағи умумии беш аз 98,3 миллион доллар дастгирии содироту воридот дарёфт карданд. Кӯмак дар заминаи интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ, металлургӣ, дорусозӣ ва косметика, саноати кимиё ва мошинсозӣ расонида шуд.
Коренков: Анҷумани заргарӣ равобити Русия ва Тоҷикистонро густариш хоҳад дод
Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон низ ба соҳибкорон кумаки ҷиддӣ мерасонад. Он ба ширкатҳо барои мутобиқ шудан ба вижагиҳои бозори Тоҷикистон кумаки калон мерасонад. Масалан, дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ манфиатҳои онҳоро намояндагӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои иҷозатномаҳо ва ҷанбаҳои андозӣ кумак мерасонад, инчунин чорабиниҳои иртиботиро ҷиҳати ба роҳ мондани шарикӣ бо доираҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ташкил менамояд.
Ба ҷуз аз Намояндагии тиҷоратӣ ва Маркази содиротии Русия, Комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ низ вуҷуд дорад. Соҳаи тахассусии он масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ва тиҷорати дуҷонибаро дар бар мегирад.
Ин комиссия ҳамчунин барои эҷоди як заминаи меъёрие, ки пешбурди тиҷоратро соддатар мекунад ва монеаҳо барои ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистонро аз байн мебарад, кор мекунад. Дар мавриди паҳлӯҳои дигари ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, мо бо Вазорати иқтисод ва савдо робита барқарор кардаем, ки дар мулоқотҳо бо онҳо масъалаи имтиёзҳо барои сармоягузорони русиро баррасӣ мекунем.
- Дар музокироти ахири байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон намояндагони мақомот ва сохторҳои тиҷоратии Русия борҳо таъкид карданд, ки онҳо на танҳо барои тавсеаи интиқоли мол ба ҷумҳурӣ омодаанд, балки барои дастгирии содиркунандагони тоҷик дар Федератсияи Русия низ омодаанд. Ҳоло дар ин самт вазъ чӣ гуна аст?
- Бале, шумо комилан дуруст мегӯед, сохторҳои тиҷоратии Русия воқеан ҳам на танҳо барои пешбурди молҳои Русия, балки ба содиркунандагони тоҷик барои ишғол намудани мавқеи худ дар бозори Русия кӯмак мекунанд. Ин раванд махсусан дар солҳои охир авҷ гирифт ва аз соли 2023 инҷониб ба салоҳияти Маркази содиротии Русия оид ба дастгирии молу хизматрасониҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Русия низ дохил мешавад.
Денежные купюры США и монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2025
Путин: Русия ва Тоҷикистон дар додугирифт аз арзҳои хориҷӣ тақрибан даст кашиданд
Агар сухан дар бораи чораҳои мушаххас равад, шояд дар ташкили интиқоли маҳсулот дар доираи ИИАО, инчунин машваратҳо оид ба тадбирҳои дастгирии давлатӣ, сертификатсия ва ворид шудан ба бозорҳои Русияро қайд кардан лозим аст.
Мо аллакай дар соли 2024 аввалин таҷрибаи мусбӣ дар ин ҷода дорем ва умедворем, ки имсол ин соҳаро бо суръати тезтар тавсеа медиҳем.
— Агар дар бораи ҳамкориҳои тарафайн сухан ронем, кадом соҳаҳои истеҳсолотро бештар муфид ҳисобидан мумкин аст?
- Илова ба самтҳои хеле равшани стратегии ҳамкории мутақобила, аз қабили истихроҷи маҳсулоти нафт ё энергетика, ки дар онҷо Русия метавонад технология ва таҷрибаи бой пешниҳод кунад ва агар лоиҳа эҳтимолан фоидаовар бошад, пас сармоягузорӣ кардан ҳам имконпазир аст.
Дар мавриди тиҷорати миёна ва категорияи молҳои истеъмолӣ, ки шаҳрвандони оддӣ мехаранд, Русия метавонад дар рушди бахши кишоварзӣ ва таъмини маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак кунад ва ҳоло ҳам кӯмак мекунад.
Натиҷаи ҳамкориҳои муваффақи мутақобила дар давоми 3-4 соли охирро метавон афзоиши чашмраси содироти меваю сабзавот ба рафҳои мағозаҳои Русия арзёбӣ кард. Барои муқоисаи оддӣ: дар соли 2024 пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2023 44,7% афзуда, бо ифодаи пулӣ ба беш аз 24,8 миллион доллар расид.
Агар дар бораи сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ муфассал сухан ронем, содироти нахи пахта 62 %, меваю сабзавот 47 %, меваи хушк 60 % афзоиш ёфт.
Аммо ин ба содирот аз Тоҷикистон дахл дорад. Агар дар бораи савдои байниҳамдигарӣ сухан ронем, чӯбу тахта ва маҳсулоти селлюлозаю коғаз (афзоиш дар зарфи 4 семоҳаи соли гузашта 20 %), масолеҳи бинокорӣ ва металлҳои сиёҳ (афзоиш 14,8 %) хеле муфид мебошанд. Феълан дар Тоҷикистон суръати корҳои сохтмонӣ дар ҳоли рушд аст ва 90 % арматура ва масолеҳи сохтмонӣ дар сохтмонҳои кишвар масолеҳи русиягӣ аст.
Дар маҷмӯъ, дар соҳаи сохтмон сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар хеле баланд аст; масалан, тиҷорати Русия аллакай хусусияти бозорро хуб омӯхт ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию ҷамъиятиро амалӣ карда истодааст.
Намунаи барҷаста гурӯҳи ширкатҳои “ЭРА” аст, ки ба таҳия, татбиқ ва истифодабарии технологияҳои муосир дар ободонии шаҳрсозӣ ва кишоварзӣ машғул буд ва ҳатто қароргоҳи худро аз Санкт-Петербург ба Душанбе кӯчонида буд. Дар мавриди лоиҳаҳои мушаххаси амалишуда, метавон сохтмони 5 мактаби русӣ-тоҷикӣ ва як маркази варзишию тандурустии назди Кумитаи сайёҳии Тоҷикистонро қайд кард.
Ва як самти нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар фазои соҳибкорӣ метавон бахши IT номид. Чунончӣ, дар чаҳорчӯби ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки ба наздикӣ баргузор шуд, миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Шаҳри оқил", ки лоиҳаҳои шаҳрдории Душанберо амалӣ мекунад ва ширкати русии VisionLabs, ки таҷҳизотро дар соҳаи шинохти чеҳра ва ашёро пешниҳод мекунад, ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Встреча президента Владимира Путина с президентом Таджикистана Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Путин: Русия шарики асосии тиҷории Тоҷикистон мебошад
Мисоли дигар: Хадамоти алоқаи Тоҷикистон охири соли 2023 бо ширкати русии "Тсифра" ёддошти ҳамкорӣ имзо кард, ки ҳадафи он рушди амнияти шабакаҳо, низоми тиҷорати электронӣ, ҳуҷҷатҳои онлайн, хадамоти почта ва IP-телефония мебошад. Дар сурати муваффақ шудани ҳамкориҳо дар ин самт, он ба навсозии шабакаҳои мобилӣ ва рушди алоқаи 4G ва 5G дар кишвар такон хоҳад бахшид.
Ва албатта, эҳтимолан маъруфтарин намунаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ барои истеъмолкунандаи оддӣ ворид шудани савдои Wildberries ба бозори Тоҷикистон аст.
- Монеаҳои аслӣ барои ворид шудан ба бозори маҳаллӣ барои корхонаҳои Русия кадомҳоянд?
- Дар байни мушкилоти асосии ворид шудан ба бозори Русия, пеш аз ҳама монеаҳои маъмурӣ ва бюрократӣ, мушкилот дар гирифтани иҷозатнома ва на ҳамеша шаффофияти сиёсати андоз ва гумрукро қайд кардан лозим аст. Маҳз ҳамин мушкилоте ҳастанд, ки ширкаткунандагони ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Русия барои бартараф кардани онҳо талош доранд.
Нозукиҳои логистикӣ низ вуҷуд доранд - дар минтақаи кӯҳистон инфрасохтори нақлиётӣ ҳанӯз хеле заиф аст, ки аз рӯи дурии марказҳои асосии саноатӣ боиси хароҷоти баланди логистикӣ мегардад.
Дигар нозукиҳое, ки бояд дар бахшҳои алоҳида ба инобат гирифта шаванд, мутобиқ шудан ба анъанаҳои маҳаллӣ ва дар ҳолати зарурӣ таъсиси шарикӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ мебошанд. Воқеан, дар ин самт Маркази содиротии Русия ва Намояндагии тиҷорӣ кумак мекунанд. Аммо сарфи назар аз мушкилоти дар боло зикршуда, эътимод ба тиҷорати Русия пайваста баланд боқӣ мемонад.
-Агар сухан дар бораи воридоти мол аз Федератсияи Русия равад, пас, то ҷое ки ман медонам, ҳоло сохторҳои Русия мехоҳанд маҳсулотро зери як бренди ягона таблиғ кунанд, то беҳтар шинохта шаванд?
- Бале, дуруст аст, барои ширкатҳои русӣ дар хориҷа бренди ягонаи “Made in Russia” таҳия шудааст. Тавре ки шумо гуфтед, он барои пешбурди молу хидматҳои Русия дар бозорҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани эътирофи он сурат гирифтааст.
"Made in Russia" аллакай вазифаи худро иҷро мекунад - дар асл, ин маҷмӯи воситаҳои тиҷорати имиҷӣ дар баробари намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳо мебошад. Ҳамин тариқ, аз соли 2019 инҷониб дар онҳо беш аз 5,2 ҳазор ширкат бо дастгирии Маркази содиротии Русия таҳти бренди миллӣ ширкат варзида, онҳо ба маблағи умумии беш аз 100 миллиард рубл шартномаҳо бастанд.
Сухан на танҳо дар бораи Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ё ИДМ меравад. Масалан, дар соли 2022 мо бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ ба кор шурӯъ кардем. Дар соли 2023 - дар Алҷазоир, Мянма ва Нигерия, дар соли 2024 бозорҳои Индонезия, Муғулистон ва Уммон барои содиркунандагон боз шуданд.
Дар соли 2024 Маркази содироти Русия барномаи ҳамоишҳо ва ярмаркаҳои "Made in Russia"-ро оғоз кард: ин формат ҷалби на танҳо шарикони тиҷоратӣ, балки харидорони оддиро дар бар мегирад - яъне ширкатҳо метавонанд худашон арзёбӣ кунанд, ки оё маҳсулоти онҳо дар бозор талабгор доранд ё не. Мо ин форматро дар Чин фаъолона амалӣ карда истодаем ва инчунин аввалин ҳамоишро дар АМА, дар Абу-Даби баргузор кардем. Дар Аморати Муттаҳидаи Араб низ мо таваҷҷӯҳи зиёд дидем.
Ҳоло вазифаи асосии мо ин аст, ки ба ширкатҳои русӣ барои воридшавӣ ба бозорҳои нави хориҷӣ кумак кунем. Яке аз монеаҳои калидӣ, ки худи тиҷорат дар бораи он сӯҳбат мекунад, эътирофи паст аст. Мо ба ширкатҳо имкониятҳои бештареро пешниҳод менамоем, ки худро тавассути инфрасохтори худ таблиғ кунанд: павилйонҳои миллӣ дар хориҷа, намоишгоҳҳо ва миссияҳои тиҷоратӣ, “рафҳо”-и миллӣ дар бозорҳо.
- Оё маҳсулоте, ки зери ин бренд мебарояд, санҷида мешавад? Оё ягон меъёри истифодаи ин тамғаи молӣ вуҷуд дорад?
- Барои ҳамроҳ шудан ба ҳамоиш таҳти бренди миллӣ, ширкатҳо сифати маҳсулот ё хидмати худро бо сертификати ихтиёрии ройгони "Made in Russia" тасдиқ мекунанд. Меъёри интихоби мол мавҷудияти хосиятҳои беҳтаршуда мебошад, ки мутобиқи қоидаҳои системаи сертификатсия дар бахшҳои "Эътимоднокӣ", "Экологӣ", "Пайдоиши органикӣ", "Беҳамтоӣ" ва "Сифат" тасдиқ шудаанд.
Продажа овощей на крупной продуктовой ярмарке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2025
Русия ва Тоҷикистон гардиши тиҷоратии маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд
Инчунин, тавассути низоми эътимоди мутақобила - созишномаҳо бо Роскачество, Роспатент, Росаккредитатсия ва Росстандарт ба имзо расидаанд - Маркази содиротии Русия сертификатҳои сифатро, ки аллакай дода шудаанд, эътироф мекунад ва дар асоси онҳо шаҳодатномаи "Made in Russia" медиҳад. Барои соҳибкорон ин маънои вуруди бефосила ба барномаро дорад; барои Маркази содиротии Русия ин маънои кафолати он аст, ки ширкатҳое, ки сертификат мегиранд воқеан боэътимод мебошанд.
Агар махсус дар бораи Тоҷикистон сухан ронем, пас чунин стратегия бояд таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагонро ба маҳсулоти Русия афзоиш диҳад, зеро бренд ҳоло барои маркетинг дар намоишгоҳҳо, маъракаҳои таблиғотӣ ва васоити ахбори омма фаъолона истифода мешавад, ки ба ташаккули эътимод ба молҳои Федератсияи Русия дар байни истеъмолкунандагон ва соҳибкорони ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
- Ва агар дар бораи тиҷорати тоҷик сухан гӯем, самтҳои ояндадори содирот аз Тоҷикистон ба Федератсияи Русия кадомҳоянд?
- Якчанд самти воридот аз Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки дар Русия бештар талабот доранд. Албатта, ин маҳсулоти кишоварзӣ аст. Ва агар маълумтарин интиқоли сабзавот, меваҷот, меваҳои хушк ва маҳсулоти тайёрро ба назар нагирем, пас дар бораи захираҳои пахта, ки Тоҷикистон яке аз калонтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи он дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, алоҳида зикр кардан лозим аст.
Аз руи анъана аксарияти содирот дар ин самт пахтаи коркарднашуда буд, ки ин ба ҷумҳурӣ камтар фоида меовард. Ва барои афзоиши ҳаҷми содирот Тоҷикистонро лозим буд, ки барои коркарди ашёи хом, таъсиси марказҳои логистикӣ ва беҳбуди сифати бастаи маҳсулот сармоягузорӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0