Коренков: Анҷумани заргарӣ равобити Русия ва Тоҷикистонро густариш хоҳад дод

© Foto / Торгпредство России в ТаджикистанеМосковская бизнес-миссия в душанбе
Московская бизнес-миссия в душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Обуна шудан
Муносибатҳои шарикӣ на танҳо байни бозигарони асосӣ, балки дар сатҳи заргарони ду кишвар низ инкишоф меёбад, бовар дорад роҳбари намояндагии тиҷоратии Русия
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Нахустин ҳамоиши заргарӣ дар Душанбе метавонад ба як минбари ҳамкориҳои ширкатҳои Русия ва Тоҷикистон табдил ёбад.
Дар ин бора роҳбари намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков дар бораи рушди анъанаҳои заргарии маҳаллӣ изҳор дошт.
"Умедворем, ки ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи истеҳсолкунандагони бузург, балки байни корхонаҳои хурд ва заргарони алоҳида низ рушд хоҳанд кард", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия фанновариҳои нодир ҳифз ва истифода шуда, мактаби омода кардани мутахассисони дараҷаи олӣ низ вуҷуд дорад.
Дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз Форуми байналмилалии заргарӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ташкил ва баргузор гардид.
Рустам Эмомали и Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2025
Вячеслав Володин Рустами Эмомалиро ба Русия даъват кард
Дар маросими ифтитоҳи форум муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, инчунин роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳои кишварҳои иштирокчии форум, корпуси дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин беш аз 200 ширкат ва бренди заргарӣ, ҳунармандон ва тарроҳони инфиродӣ аз Озарбойҷон, Эрон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби Форум дар Маркази байналмилалии намоишгоҳҳои Душанбе "Dushanbe Expo Centre” намоишгоҳи маҳсулоти заргарии брендҳои заргарии ватаниву хориҷӣ, созмонҳои ҳунарӣ ва тарроҳони заргарӣ ифтитоҳ ёфт, ки то 26 март идома меёбад.
Интизор меравад, ки Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон ба як майдони муассири муколама ва ҳамкориҳои минбаъда байни бозигарони соҳаи саноати кишварҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ табдил ёфта, ҳамчунин барои дарёфти роҳҳои ҳалли татбиқи босамари лоиҳаҳои истеҳсоли маснуоти заргарӣ барои мақсадҳои гуногун ва муттаҳидсозии талошҳои намояндагони ҳукумат ва соҳибкорон мусоидат хоҳад намуд.
Лентаи хабарҳо
0