Мирзиёев ва Ҷабборов вориди Хуҷанд шуданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаСодир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад
Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмононии воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт
ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. Раҳбарони Қирғизистону Узбекистон Содир Ҷабборров ва Шавкат Мирзиёев вориди шаҳри Хуҷанд, маркази шимолиии Тоҷикистон шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар дод.
Ҳадафи сафар раҳбарони ҳамсоякишвар ширкат дар мулоқоту музокироти сеҷониба иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак аст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмононии воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.
Ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон гулдухтарони тоҷик чун анъана нону намак ва дастагул пешкаш намуданд.
Барои истиқболи меҳмони олиқадр дар майдони фурудгоҳ роҳрави сурх густурда шуда, аксҳои сарони давлатҳо, инчунин парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои тараннумгари дӯстию бародарии халқҳои се кишвари ҳамсоя насб гардидаанд.
Барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон дар фурудгоҳ ба маросими истиқболи меҳмонони воломақом шукӯҳи хос зам намуд.
Қарор аст, ки шоми имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳр барномаи бошукуҳи наврӯзӣ бо ҳузури санъаткорони ҳарсе кишвар доир шавад.
Лентаи хабарҳо
0