Ҷабборов ба Раҳмону Мирзиёев пешниҳод кард, ки барои хориҷиён раводиди ягона ҷорӣ кунанд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаГлавы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана
Главы государств открыли стелу Дружбы Узбекистана, Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Обуна шудан
Дар шимоли Тоҷикистон мулоқоту музокироти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷараён дошта, ҷонибҳо чандин ҳуҷҷатҳои муҳимро аллакай ба имзо расонданд
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки ҳоло дар Хуҷанд қарор дорад, ба ҳамтоёни худ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон пешниҳод намуд, ки бо мақсади рушди сайеҳӣ имкони ҷорӣ кардани раводиди ягона барои шаҳрвандони хориҷиро баррасӣ кунанд.
"Шаҳрҳои Ош, Хуҷанд ва Андиҷон на танҳо марказҳои таърихӣ, балки рамзҳои тамаддуни чандинасра, анъанаҳои бойтарин ва фарҳанг мебошанд... Ҷорӣ намудани раводид ҳаракати озоди сайеҳонро дар кишварҳои минтақа, ба монанди минтақаи шенген дар Аврупо таъмин хоҳад кард",- гуфт президенти Қирғизистон.
Ба таъкиди ӯ, ҷорӣ кардани раводиди ягона ҳаракати озоди сайеҳонро дар кишварҳои минтақа таъмин мекунад.
Бояд гуфт, нахустин маротиба чунин пешниҳод аз забони Ҷабборов зимни мулоқот бо кишвардори Тоҷикистон дар Бишкек, ки 13 март сурат гирифта буд, садо дод.
Президенти кишвари ҳамсоя зикр намуд, ки Қирғизистон "ба оянда хушбин аст ва ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо давлатҳои бародари Осиёи Марказӣ бовар дорад".
Подписание Худжандской декларации о вечной дружбе и Соглашение о точках стыка госграниц трех государств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2025
Сарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон созишномаи таърихиро имзо карданд
Дар баробари ин, ӯ хотиррасон кард, ки ҷумҳуриҳои минтақа аллакай "лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва иқтисодиро бомуваффақият амалӣ мекунанд".
Маврид ба зикр аст, ки дар Хуҷанд мулоқоти сеҷонибаи кишвардорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҷараён дорад. Дар доираи мулоқот Раҳмон, Мирзиёев ва Ҷабборов созишномаи дӯстӣ ва чандин ҳуҷҷатҳои муҳимро ба имзо расонданд.
Дар назар аст, ҳунармандони ҳар се кишвар як барномаи ғаниро пешкаши раисҷумҳурон ва сокинону меҳмонон гардонанд.
Лентаи хабарҳо
0