Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон: Давлатов Боқир дар Днепр чӣ корнамоӣ кард?

© Sputnik / Семен ФридляндПереправа советских войск через Днепр. Архивное фото
Переправа советских войск через Днепр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Обуна шудан
Sputnik ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бораи ҷанговари Тоҷикистон, ки Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуда буд, мавод нашр кард
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Давлатов Боқир Раҳимович (дар ҳуҷҷатҳо Давлетов Бакир Рахимович ) 10 (23) майи соли 1915 дар деҳаи Староамирово (ҳоло ноҳияи Благоварски Бошқирдистон) дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Маълумоташ миёнаи нопурра буда, аз синни 15 - солагӣ дар сохтмонҳои гуногуни ИҶШС кор кардааст.
Ӯ аз соли 1937 то соли 1940 дар сафи Артиши Сурх хизмат карда, пас аз адои хидмат муовини раиси колхоз шуда кор кардааст.
Моҳи ноябри соли 1941 ӯро боз ба фронт даъват карданд ва то сентябри соли 1943 сержанти калони гвардия шуда, дар полки 60-уми аскарони савора ба экипажи пулемётчиёни вазнин фармондеҳӣ кард.
© Foto / Министерство Обороны Российской ФедерацииБакир Рахимович Давлятов
Бакир Рахимович Давлятов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Бакир Рахимович Давлятов
Корнамоиҳои ӯ дар муҳорибаи Днепр дар таърихи ҷанг саҳифаи дурахшон гардиданд.
28 сентябри соли 1943 экипажи Давлятов дар сафи аскарони пиёда аввалин шуда дар наздикии деҳаи Вяли Белоруссия аз Днепр гузашт. Вай бо оташи пулемёт пункти душманро пахш карда, фашистонро ба ақибнишинӣ маҷбур кард ва ба ташкили ҳуҷуми ҷавобӣ монеъ шуд.
© Foto / Министерство Обороны Российской ФедерацииНаградной лист Бакира Рахимовича Давлятова
Наградной лист Бакира Рахимовича Давлятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Рӯзи дигар, 29 сентябр дар муҳориба барои маҳалли аҳолинишини Галки Давлатов пеш рафта, як гурӯҳи душманро тирборон кард. Вақте пулемёташ корношоям шуд, вай бо милтиқ дар даст ҷангро давом дод.
© Foto / Министерство Обороны Российской ФедерацииУчетная карточка Бакира Рахимовича Давлятова
Учетная карточка Бакира Рахимовича Давлятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
8 январи соли 1944 дар наздикии Мозир Боқир Давлатов сахт ярадор шуда, аз ду пояш маҳрум шуд. Пас аз муолиҷаи дуру дароз ба сабаби маъюб буданаш ӯро ба рухсатӣ фиристоданд, вале корнамоиҳои ӯ аллакай эътироф карда шуда буд: 15 январи соли 1944 бо фармони Президиуми Совети Олии СССР ба ӯ унвони Каҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд.
Бояд гуфт, дар ҳайати қаҳрамонони ин лоиҳа намояндагони миллату ҷумҳуриҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастанд. Инҳо ходимони илм, олимон, духтурон, муҳандисон, меъморон, рӯҳониён ва сиёсатмадорон мебошанд, ки дар таърих номи онҳо абадан сабт шуд.
Президент РФ В. Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2025
Путин ва Раҳмон боз 9 май дар пойтахти Русия дидор хоҳанд кард
Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар гузашти низомии Ғалаба дар Маскав иштирок иштирок мекунад. Ӯро шахсан раҳбари Русия Владимир Путин даъват кардааст.
Лентаи хабарҳо
0