https://sputnik.tj/20250301/rusiya-ghalaba-qahramoni-tojikon-yodovar-shud-1066401009.html
Русия дар лоиҳае бахшида ба 80-солагии Ғалаба аз қаҳрамонии тоҷикон ёдовар шуд
Русия дар лоиҳае бахшида ба 80-солагии Ғалаба аз қаҳрамонии тоҷикон ёдовар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба як лоиҳаро роҳандозӣ кардааст, ки ба он қаҳрамонон аз саросари Иттиҳоди Шӯравии сермиллат шомиланд
2025-03-01T11:36+0500
2025-03-01T11:36+0500
2025-03-01T11:36+0500
дар тоҷикистон
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
ҷбв
қаҳрамонӣ
тоҷикон
русия
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062698946_0:35:2140:1239_1920x0_80_0_0_b211fbd6e9327f151f97cf81956d00a2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия бахшида ба 80-умин солгарди Ғалабаи бузург лоиҳаи мултимедияии навро роҳандозӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар додааст."Лоиҳа дар асоси асноди махфӣ аз хазинаи бойгонии марказии Вазорати дифоъ таҳия шудааст, ки қаблан дастраси оммавӣ набуданд. Дар ин мавод саҳифаҳои номаълуми тарҷумаи ҳоли қаҳрамонон, корнамоиҳои ҷангии онҳо ошкор карда мешавад", — қайд кардааст манбаъ.Дар ин сомона ҳикояҳо дар бораи ходимони барҷастаи Иттифоқи Шӯравӣ ҷамъоварӣ шудааст. Миёни онҳо ғайр аз намояндагони ҷумҳуриҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамонони Тоҷикикитсони Шӯравӣ низ ҳузур доранд.Ҳамин тариқ, портали лоиҳаи Вазорати дифои Русия дар бораи омӯзгори тоҷик Тешабой Одилов, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тактирандоз (снайпер) буд, маълумот медиҳад."Вақте ки Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард, Одилов ба дифоъи кишвар бархост. Дар ҷабҳа ӯ мардонагӣ ва шуҷоати бебаҳо нишон дода, дар набардҳои калидӣ ширкат кард. Қаҳрамонии ӯ бо ҷоизаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ – унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуд", — омадааст дар маълумотнома.Илова бар ин, дар сомона маълумот дар бораи зодаи Тоҷикистон, тоҷик Ҳабибулло Юсупов – шоир ва тарҷумон низ ҷой дорад. Вай ҷангро хамчун аскари пиёдагард сипарӣ намудааст.Юсупов бо орденхои Ленин ва Ситораи Сурх, инчунин бо медали "Барои дифои Ленинград" мукофотонида шуда, дар озод кардани Варшава иштирок кардааст. Вай ду моҳ пеш аз Ғалаба аз тири фашистон кушта шуд."Рафик Юсупов фавран ба сӯи душман оташ кушод, оташи ӯ то як гурӯҳи пиёданизоми душманро несту нобуд карда ӯ зуд дифои ҳалқавиро ташкил карда, душманро давоми 5 соат нигоҳ доштааст. Дар охири рӯз фармони ақибнишиниро гирифт", — гуфта мешавад дар гузориши роҳбараш.Юсупов бо сардории гурӯҳи иборат аз 6 нафар ҷанговарон ҳадди душманро рахна карда, техника ва ҳайати шахсиро аз он ҷо баровард, ки дар ин амалиёт ҳамагӣ се нафар захмӣ шуд. Ҳангоми рахнашавии ҳалқа, ӯ шахсан 5 сарбози немисро куштааст, қайд карда шудааст дар санад.Охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ даргузаштДар ҳайати кақрамонони лоиҳа намояндагони миллату ҷумҳуриҳои гуногуни Иттифоқи Шӯравӣ ҳастанд. Онҳо ходимони маданият, олимон, пизишкон, муҳандисон, меъморон, руҳониён, сиёсатмадорон мебошанд, ки номи онҳо дар таърихи кишвар абадӣ сабт шудааст.Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар Паради Ғалаба дар Маскав ширкат хоҳад кард. Ӯро шахсан раҳбари Русия Владимир Путин даъват кардааст.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/02/1062698946_0:5:2140:1610_1920x0_80_0_0_d92488774d39c36962cc70a427520334.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷикон, қаҳрамонӣ, ҷанги бузурги ватанӣ, лоиҳа, вазорати дифои русия, қадрдонӣ
тоҷикистон, тоҷикон, қаҳрамонӣ, ҷанги бузурги ватанӣ, лоиҳа, вазорати дифои русия, қадрдонӣ
Русия дар лоиҳае бахшида ба 80-солагии Ғалаба аз қаҳрамонии тоҷикон ёдовар шуд
Вазорати дифои Русия бахшида ба 80-умин солгарди Ғалаба як лоиҳаро роҳандозӣ кардааст, ки ба он қаҳрамонон аз саросари Иттиҳоди Шӯравии сермиллат шомиланд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Вазорати дифои Русия бахшида ба 80-умин солгарди Ғалабаи бузург лоиҳаи мултимедияии навро роҳандозӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Лоиҳа дар асоси асноди махфӣ аз хазинаи бойгонии марказии Вазорати дифоъ таҳия шудааст, ки қаблан дастраси оммавӣ набуданд. Дар ин мавод саҳифаҳои номаълуми тарҷумаи ҳоли қаҳрамонон, корнамоиҳои ҷангии онҳо ошкор карда мешавад", — қайд кардааст манбаъ.
Дар ин сомона ҳикояҳо дар бораи ходимони барҷастаи Иттифоқи Шӯравӣ ҷамъоварӣ шудааст. Миёни онҳо ғайр аз намояндагони ҷумҳуриҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамонони Тоҷикикитсони Шӯравӣ низ ҳузур доранд.
Ҳамин тариқ,
портали лоиҳаи Вазорати дифои Русия дар бораи омӯзгори тоҷик Тешабой Одилов, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тактирандоз (снайпер) буд, маълумот медиҳад.
"Вақте ки Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард, Одилов ба дифоъи кишвар бархост. Дар ҷабҳа ӯ мардонагӣ ва шуҷоати бебаҳо нишон дода, дар набардҳои калидӣ ширкат кард. Қаҳрамонии ӯ бо ҷоизаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ – унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадрдонӣ шуд", — омадааст дар маълумотнома.
Илова бар ин, дар сомона маълумот дар бораи зодаи Тоҷикистон, тоҷик Ҳабибулло Юсупов – шоир ва тарҷумон низ ҷой дорад. Вай ҷангро хамчун аскари пиёдагард сипарӣ намудааст.
Юсупов бо орденхои Ленин ва Ситораи Сурх, инчунин бо медали "Барои дифои Ленинград" мукофотонида шуда, дар озод кардани Варшава иштирок кардааст. Вай ду моҳ пеш аз Ғалаба аз тири фашистон кушта шуд.
"Рафик Юсупов фавран ба сӯи душман оташ кушод, оташи ӯ то як гурӯҳи пиёданизоми душманро несту нобуд карда ӯ зуд дифои ҳалқавиро ташкил карда, душманро давоми 5 соат нигоҳ доштааст. Дар охири рӯз фармони ақибнишиниро гирифт", — гуфта мешавад дар гузориши роҳбараш.
Юсупов бо сардории гурӯҳи иборат аз 6 нафар ҷанговарон ҳадди душманро рахна карда, техника ва ҳайати шахсиро аз он ҷо баровард, ки дар ин амалиёт ҳамагӣ се нафар захмӣ шуд. Ҳангоми рахнашавии ҳалқа, ӯ шахсан 5 сарбози немисро куштааст, қайд карда шудааст дар санад.
Дар ҳайати кақрамонони лоиҳа намояндагони миллату ҷумҳуриҳои гуногуни Иттифоқи Шӯравӣ ҳастанд. Онҳо ходимони маданият, олимон, пизишкон, муҳандисон, меъморон, руҳониён, сиёсатмадорон мебошанд, ки номи онҳо дар таърихи кишвар абадӣ сабт шудааст.
Қаблан маълум шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми май дар Паради Ғалаба дар Маскав ширкат хоҳад кард. Ӯро шахсан раҳбари Русия Владимир Путин даъват кардааст.