https://sputnik.tj/20250326/safiri-rusiya-dushanbe-sobiqador-mehnat-ghalaba-tabrik-1066729333.html
Сафири Русия дар Душанбе собиқадори меҳнатро бо 80-умин солгарди Ғалаба табрик гуфт
Сафири Русия дар Душанбе собиқадори меҳнатро бо 80-умин солгарди Ғалаба табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як ҷашни бузург аст
2025-03-26T18:59+0500
2025-03-26T18:59+0500
2025-03-26T18:59+0500
дар тоҷикистон
ҷанги дувуми ҷаҳонӣ
собиқадорони ҷбв
собиқадорон
ақибгоҳ
сафири русия
қадрдонӣ
медал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066726720_0:85:3074:1814_1920x0_80_0_0_e60f4d4adca349ad4b185dcf8525ea84.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сафир Семён Григорев медали "80-солагии Ғалаба"-ро ба собиқадори меҳнат Екатерина Леонидова, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, тақдим кард.Дипломат ба собиқадор медал бахшида ба ҷашнии "80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"-ро супурд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.Сафир қайд кард, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми кишварҳои иттиҳод ҷашни бузург аст."Мо медонем, ки дар Тоҷикистон ба ин ҷашн чӣ гуна таваҷҷуҳ карда мешавад. Дар инҷо низ мисли Русия ба ёдгориҳои ҷангу собиқадорон, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ ғамхорӣ мекунанд. Ин боиси боиси ифтихори мост", - афзуд ӯ.Дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Екатерина Леонидова ҳамагӣ 10-сола буд ва аз рӯзҳои аввал ҳамроҳи дигар фарзандони деҳот барои ҷабҳа кор мекард.Ҳамагӣ пас аз ду сол ӯ тарошкориро аз худ кард ва дар як корхонаи низомӣ кор кард. Ҳоло Екатерина Леонидова 93-сола аст, солҳост, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад.Баъд аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар корхонаи ётоқонбарории (подшибник) Куйбашев корашро давом дода, соли 1957 ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба Душанбе кучид.Дар Хуҷанд аз қаҳрамониҳои занҳои тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд карданд - видеоДар ин ҷо солҳои зиёд дар фабрикаи "Гулдаста" ҳамчун дӯзанда кор карда, барои комёбиҳои меҳнатиаш бо ордени "Нишони Фахрӣ" мукофотонида шудааст.Собиқадори меҳнат ба меҳмонон "музей"-и худро низ нишон дод — тахтаҳои рангуборшудаи ошхона, кошук ва дигар асбобу анҷоми рузгор ҷамъ мекунад, коллексия ӯ аз Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина иборат аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1a/1066726720_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_9b3d9c70b2ea39e5cc7d554b995456a1.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикитон, табрик, сафири русия, 80-умин солгарди ғалаба, табрик, собиқадор, идм
тоҷикитон, табрик, сафири русия, 80-умин солгарди ғалаба, табрик, собиқадор, идм
Сафири Русия дар Душанбе собиқадори меҳнатро бо 80-умин солгарди Ғалаба табрик гуфт
Сафири Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як ҷашни бузург аст
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Сафир Семён Григорев медали "80-солагии Ғалаба"-ро ба собиқадори меҳнат Екатерина Леонидова, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, тақдим кард.
Дипломат ба собиқадор медал бахшида ба ҷашнии "80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"-ро супурд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Мо хушҳолем, ки дар Тоҷикистон то ҳол чанд нафаре боқӣ мондаанд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд: Онҳо ҷангидаанд ё Ғалабаро дар ақибгоҳ таъмин карданд", - гуфт сафири Русия.
Сафир қайд кард, ки Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми кишварҳои иттиҳод ҷашни бузург аст.
"Мо медонем, ки дар Тоҷикистон ба ин ҷашн чӣ гуна таваҷҷуҳ карда мешавад. Дар инҷо низ мисли Русия ба ёдгориҳои ҷангу собиқадорон, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ ғамхорӣ мекунанд. Ин боиси боиси ифтихори мост", - афзуд ӯ.
Дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Екатерина Леонидова ҳамагӣ 10-сола буд ва аз рӯзҳои аввал ҳамроҳи дигар фарзандони деҳот барои ҷабҳа кор мекард.
Ҳамагӣ пас аз ду сол ӯ тарошкориро аз худ кард ва дар як корхонаи низомӣ кор кард. Ҳоло Екатерина Леонидова 93-сола аст, солҳост, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад.
Баъд аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ дар корхонаи ётоқонбарории (подшибник) Куйбашев корашро давом дода, соли 1957 ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба Душанбе кучид.
Дар ин ҷо солҳои зиёд дар фабрикаи "Гулдаста" ҳамчун дӯзанда кор карда, барои комёбиҳои меҳнатиаш бо ордени "Нишони Фахрӣ" мукофотонида шудааст.
Собиқадори меҳнат ба меҳмонон "музей"-и худро низ нишон дод — тахтаҳои рангуборшудаи ошхона, кошук ва дигар асбобу анҷоми рузгор ҷамъ мекунад, коллексия ӯ аз Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Украина иборат аст.