Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 пирӯз шуд

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаМатч Таджикистан — Восточный Тимор
Матч Таджикистан — Восточный Тимор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми осиё-2027 бар тими миллии Тимори Шарқӣ пирӯз шуд.
Дар даври аввал тими Тоҷикистон дар майдони худ бар мунтахаби Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Голи дастаи Тоҷикистонро дар дақиқаи севми бозӣ собиқ бозигари бошгоҳи “Персполис”-и Эрон Ваҳдат Ҳанонов зад.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027-ро бо пирӯзӣ оғоз кард.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар даври баъдӣ мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Филиппин бозӣ мекунад.
Ин дидор рӯзи 10 июни соли равон баргузор мешавад.
Қаблан Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе, дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки бозигарон ба бозӣ бо Тимори Шарқӣ комилан омодаанд.
Главный тренер сборной Таджикистана по футболу Гела Шекиладзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Мехоҳем ба Ҷоми Осиё роҳ ёбем: Шекиладзе вазифаи асосии мунтахаби Тоҷикистонро гуфт
Шекиладзе таъкид кард, тими миллӣ аз рақобат бо тими Беларус таҷрибаи талх гирифт ва кӯшиш мекунад дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунанд.
Шекиладзе ҳамчунин қайд кард, ки тими Тимори Шарқӣ ҳанӯз дар як сатҳ бо тими Беларус нест, аммо ин дафъа тамаркузи диққат дар майдон бештар хоҳад буд.
Гела Шекиладзе дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 гуфт, ки дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд, бояд ба ҳар як бозӣ омода буд.
“Дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардаем. Тими миллии Филиппин бозигарони зиёде аз бошгоҳҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд.”, - қайд кард ӯ
Ба гуфтаи Шекиладзе, мунтахаби Молдив низ барояш хуб ошност.
Рефери ФИФА Каземи Сеид Вахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Бозии Тоҷикистон ва Тимори Шарқиро ҳайати доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунад
Вай афзуд, ки ин дастаи бад нест, дар ин тим кор кардааст. Вай илова кард, ки бояд ҳар як рақибро эҳтиром кард.
“Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад”, - иброз дошт ӯ.
Ба қавли сармураббӣ, бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд.
“Мақсади мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст ва барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем", - гуфт Гела Шекиладзе.
Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Лентаи хабарҳо
0