https://sputnik.tj/20250325/jomi-osiyo-shekiladze-vazifai-asosi-muniakhab-tojikiston-1066710235.html
Мехоҳем ба Ҷоми Осиё роҳ ёбем: Шекиладзе вазифаи асосии мунтахаби Тоҷикистонро гуфт
Мехоҳем ба Ҷоми Осиё роҳ ёбем: Шекиладзе вазифаи асосии мунтахаби Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе таъкид кард, ки тими миллии кишвар ба бозии дарпешистода бо Тимори Шарқӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
2025-03-25T13:02+0500
2025-03-25T13:02+0500
2025-03-25T17:19+0500
дар тоҷикистон
футбол
мунтахаб
бозӣ
ҷоми осиё
сармураббӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/15/1061796852_0:27:1200:703_1920x0_80_0_0_cf28f621c12b51a5bbbd0a35b730d684.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе, дар нишасти матбуотӣ гуфт, бозигарон ба бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодаанд.Вай аз мухлисон даъват кард, ки дар чунин рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд.Сармураббии даста ҳамчунин аз мухлисон барои нокомии мунтахаб дар бозӣ бо тими Белорус узрхоҳӣ кард.Шекиладзе таъкид кард, тими миллӣ аз рақобат бо тими Беларус таҷрибаи талх гирифт ва кӯшиш мекунад дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунанд.Шекиладзе ҳамчунин қайд кард, ки тими Тимори Шарқӣ ҳанӯз дар як сатҳ бо тими Беларус нест, аммо ин дафъа тамаркузи диққат дар майдон бештар хоҳад буд.Гела Шекиладзе дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 гуфт, ки дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд, бояд ба ҳар як бозӣ омода буд.“Дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардаем. Тими миллии Филиппин бозигарони зиёде аз бошгоҳҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд.”, - қайд кард ӯБа гуфтаи Шекиладзе, мунтахаби Молдив низ барояш хуб ошност.Вай афзуд, ки ин дастаи бад нест, дар ин тим кор кардааст. Вай илова кард, ки бояд ҳар як рақибро эҳтиром кард.“Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад”, - иброз дошт ӯ.Ба қавли сармураббӣ, бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд.Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Тимори Шарқӣ баргузор мекунад.Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
https://sputnik.tj/20250225/tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-mizboni-jomi-osiyo-futbol-1066352131.html
https://sputnik.tj/20250325/bozi-tojikiston-timori-sharqiro-dovaron-eron-hakami-1066705432.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/15/1061796852_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_7c2cd8971eccc18b881b354316f83055.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, варзиш, футбол, шекиладзе, сармураббӣ, ҷоми осиё, бозӣ
тоҷикистон, варзиш, футбол, шекиладзе, сармураббӣ, ҷоми осиё, бозӣ
Мехоҳем ба Ҷоми Осиё роҳ ёбем: Шекиладзе вазифаи асосии мунтахаби Тоҷикистонро гуфт
13:02 25.03.2025 (Навсозишуда: 17:19 25.03.2025) Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе таъкид кард, ки тими миллии кишвар ба бозии дарпешистода бо Тимори Шарқӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе, дар нишасти матбуотӣ гуфт, бозигарон ба бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодаанд.
Вай аз мухлисон даъват кард, ки дар чунин рӯзҳои душвор дастаро дастгирӣ кунанд.
Сармураббии даста ҳамчунин аз мухлисон барои нокомии мунтахаб дар бозӣ бо тими Белорус узрхоҳӣ кард.
“Пеш аз ҳама аз номи тамоми даста аз мухлисон ва ҷомеаи футболи кишвар барои натиҷаи манфии бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус узр мепурсам. Мутаассифона, мо табъи онҳоро дар ҷашни Наврӯз хира кардем”, - гуфт ӯ.
Шекиладзе таъкид кард, тими миллӣ аз рақобат бо тими Беларус таҷрибаи талх гирифт ва кӯшиш мекунад дар бозиҳои расмӣ чунин иштибоҳҳоро такрор накунанд.
Шекиладзе ҳамчунин қайд кард, ки тими Тимори Шарқӣ ҳанӯз дар як сатҳ бо тими Беларус нест, аммо ин дафъа тамаркузи диққат дар майдон бештар хоҳад буд.
Гела Шекиладзе дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 гуфт, ки дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд, бояд ба ҳар як бозӣ омода буд.
“Дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардаем. Тими миллии Филиппин бозигарони зиёде аз бошгоҳҳои Аврупо дорад. Умуман, Филиппин барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд.”, - қайд кард ӯ
Ба гуфтаи Шекиладзе, мунтахаби Молдив низ барояш хуб ошност.
Вай афзуд, ки ин дастаи бад нест, дар ин тим кор кардааст. Вай илова кард, ки бояд ҳар як рақибро эҳтиром кард.
“Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад”, - иброз дошт ӯ.
Ба қавли сармураббӣ, бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд.
“Мақсади мунтахаби мо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст ва барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем", - гуфт Гела Шекиладзе.
Дар натиҷаи қуръакашӣ тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Тимори Шарқӣ баргузор мекунад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.