Бозии Тоҷикистон ва Тимори Шарқиро ҳайати доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунад

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаРефери ФИФА Каземи Сеид Вахид
Рефери ФИФА Каземи Сеид Вахид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2025
Обуна шудан
Бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни Тоҷикистон ва Тимори Шарқӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Бозии марҳилаи гурӯҳии даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Тимори Шарқиро ҳайати доварон аз Эрон ҳакамӣ мекунанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, довари ФИФА Қозимӣ Саид Воҳид довари марказӣ таъйин шуд.
“Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Амирмуҳаммад Довудзода ва Алӣ Аҳмадӣ кӯмак мекунанд. Довари ФИФА Араб Барагӣ Амир довари эҳтиётӣ хоҳад буд. Валентин Коваленко аз Ӯзбекистон кори доваронро назорат карда, Маҳмуд Тҳиб Обид Каракраи фаластинӣ комиссари бозӣ мебошад”, - қайд кардааст ФФТ.
Ин манбаъ ҳамчунин қайд кардааст, ки Даромад ба бозии Тоҷикистон – Тимори Шарқӣ ройгон ва озод аст.
Футбольный мяч - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2025
Маълум шуд, мавсими нави чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол кай шурӯъ мешавад
Ёдовар мешавем, ки қаблан Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби кишварро барои бозиҳо муқобили дастаҳои мунтахаби Беларус ва Тимори Шарқӣ, ки дар Душанбе баргузор мешаванд, эълон карда буд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар 25 бозигар (4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар) шомиланд, ки 13 нафарашон легионер мебошанд.
Бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни Тоҷикистон ва Тимори Шарқӣ рӯзи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0