https://sputnik.tj/20250225/tojikiston-uzbekiston-qirghiziston-mizboni-jomi-osiyo-futbol-1066352131.html
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи футболи Қирғизистон якҷо бо федератсияҳои футболи Узбекистон ва Тоҷикистон расман барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 дархост пешниҳод карданд
2025-02-25T12:45+0500
2025-02-25T12:45+0500
2025-02-25T12:45+0500
дар тоҷикистон
футбол
қирғизистон
узбекистон
ҷоми осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/19/1066354135_0:54:1280:774_1920x0_80_0_0_ec48ea613d3c9c4e6eb8bb5420bc2472.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Санадҳои зарурӣ барои дархости мизбонии Ҷоми Осиё-2031 рӯзи 24 феврал ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) фиристода шуданд, иттилоъ додааст ФФТ.Ба иттилои манбаъ, қаблан ҷонибҳо музокирот карда, дар бораи ҷанбаҳои асосии баргузории муштараки ин мусобиқа ба мувофиқа расида буданд.Дар ҳоли ҳозир, дархост хусусияти пешакӣ дорад ва рӯйхати варзишгоҳҳое, ки дар онҳо бозиҳо баргузор мешаванд, дар дигар марҳилаи интихобӣ сурат мегирад.Бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, майдонҳои футболи минтақа, ки сохта мешаванд ба ҳама талабот барои ташкили мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. ФФТ Қирғизистон низ дар навбати худ гуфтааст, ки ин мусобиқа барои рушди футбол дар минтақа ва таҳкими равобити дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ як қадами муҳим хоҳад буд.Кувайт, Индонезия ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 дархост пешниҳод кардаанд. Қарори ниҳоӣ дар бораи мизбони мусобиқаро AFC дар соли 2026 қабул хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ки ҳануз соли 2023 президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустам Эмомалӣ дар Конгресси CAFA хоҳиши пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиёро намуда буд. "Минтақаи Осиёи Марказии мо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародари худ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард", – гуфт Рустам Эмомалӣ. Дар ин чорабинӣ дар Душанбе раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, ки ҳузур дошт, аз ташаббуси Рустам Эмомалӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни тимҳои миллӣ аст.
https://sputnik.tj/20250103/malum-shud-mavsimi-navi-chempionati-tojikiston-futbol-1065754733.html
қирғизистон
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/19/1066354135_73:0:1280:905_1920x0_80_0_0_873993dfd6aa9c75515fb161bd8f653e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷоми осиё, узбекистон, қирғизистон, футбол, мизбон
тоҷикистон, ҷоми осиё, узбекистон, қирғизистон, футбол, мизбон
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мехоҳанд мизбони Ҷоми Осиё оид ба футбол шаванд
Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷо бо федератсияҳои футболи Узбекистон ва Қирғизистон расман барои мизбонии Ҷоми Осиё дар соли 2031 дархост пешниҳод карданд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Санадҳои зарурӣ барои дархости мизбонии Ҷоми Осиё-2031 рӯзи 24 феврал ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) фиристода шуданд, иттилоъ додааст ФФТ.
Ба иттилои манбаъ, қаблан ҷонибҳо музокирот карда, дар бораи ҷанбаҳои асосии баргузории муштараки ин мусобиқа ба мувофиқа расида буданд.
Дар ҳоли ҳозир, дархост хусусияти пешакӣ дорад ва рӯйхати варзишгоҳҳое, ки дар онҳо бозиҳо баргузор мешаванд, дар дигар марҳилаи интихобӣ сурат мегирад.
Бар асоси мувофиқаи ҷонибҳо, майдонҳои футболи минтақа, ки сохта мешаванд ба ҳама талабот барои ташкили мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
ФФТ Қирғизистон низ дар навбати худ гуфтааст, ки ин мусобиқа барои рушди футбол дар минтақа ва таҳкими равобити дӯстона миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ як қадами муҳим хоҳад буд.
Кувайт, Индонезия ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 дархост пешниҳод кардаанд. Қарори ниҳоӣ дар бораи мизбони мусобиқаро AFC дар соли 2026 қабул хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ҳануз соли 2023 президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустам Эмомалӣ дар Конгресси CAFA хоҳиши пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиёро намуда буд.
"Минтақаи Осиёи Марказии мо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародари худ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард", – гуфт Рустам Эмомалӣ.
Дар ин чорабинӣ дар Душанбе раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа, ки ҳузур дошт, аз ташаббуси Рустам Эмомалӣ пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни тимҳои миллӣ аст.