Крокусро интихоб карданд: Майдони Сурху Каниса ҳам аз ҳадафҳои ҳамлаи террористон буд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПродление ареста обвиняемым по делу о нападении на "Крокус сити холл"
Продление ареста обвиняемым по делу о нападении на Крокус сити холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2025
Обуна шудан
Омилони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” чанд иншоот аз ҷумла Майони Сурхро ҳамчун ҳадафи ҳамлаи террористӣ медонистанд
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Олег Власов, вакили мудофеи гумонбар ба терроризм Далерҷон Мирзоев, ба РИА Новости гуфт, омилони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” Майдони Сурх, Канисаи Маскав ва маркази савдои “MEGA Белая Дача”-ро низ ҳадафҳои ҳамла медонистанд.
"Ба ҷуз “Крокус”, онҳо дар Майдони Сурх, дар наздикии Каниса дар истгоҳи метрои "Чисте пруды", дар “MEGA Белая Дача” буда, гирду атрофро тамошо карда, акс гирифтаанд. Онҳо низ қаблан дар худи “Крокус”, бо либоси шаҳрвандӣ буданд ва вазъро омӯхтанд", - афзуд манбаъ.
Олег Власов, қайд кард, ки омилони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус” иқрор шуданд, ки қасд доштанд дар Украина пинҳон шаванд, аммо маълум нест, пешвози онҳо ташкил шудааст ё на.
"Бале онҳо ҳадафмандона ба сӯйи Украина ҳаракат мекарданд. Қасд доштан дар ҳудуди ин кишвар пинҳон шаванд. Онҳо фикр мекарданд, ки ин кишвар наздик аст ва онҳоро истирдод намекунанд. Нафареро, ки ман ҳимоят мекунад ронанда буд. Ӯ ин роҳро азхуд карда буд ва ин роҳ аз сӯйи ташкилкунандагони ҳамла тасдиқ шуда буд. Маълум нест, ки онҳоро онҷо касе интизор буд ё на. Омилон дар ин бора маълумот надоштанд", - гуфт вакили мудофеъ.
Обстановка у Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2025
Се муттаҳам дар парвандаи Крокус мехостанд дар Каспийск ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд
Олег Власов ҳамчунин қайд кард, ки созмондиҳандагони ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус” ба омилони он амр додаанд, ки дар он ҷо бимонанд ва бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқовимат кунанд, вале онҳо ин амрро гӯш накарданд ва аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.
"Ба онҳо созмондиҳандагон дар як паёмак фармон додаанд, ки дар “Крокус” бимонанд, муқовиамт кунанд, шояд бо ягон ҳадафи дигар. Онҳо гӯш накарданд, фирор карданд. Илова бар ин, ба далели таҷрибаи ками истифодаи аслиҳа онҳо чанд иштибоҳ кардан, аз бетаҷрибагӣ тири онҳо тамом шуд", - афзуд вакил.
Ахиран Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси омилони ҳамлаи террористиро то 22 май тамдид кард.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Директор Федеральной службы безопасности РФ Александр Бортников на 55-м заседании Совета руководителей органов безопасности и специальных служб стран СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2024
Раиси ФСБ-и Русия гуфт тоҷиконро барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус чигуна ҷалб намуданд
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.моҳанг кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0